Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон

Президенти Тоҷикистон дар раъси як ҳайъати баландпояи кишвар бо сафари расмӣ барои ду рӯз ба Ҷумҳурии Исломии Покистон рафт.

Акс аз манбаъҳои боз

Бино ба иттилои сомонаи

Пеш аз ин сафар дар замоне, ки Покистон бар асари боришҳои зиёд ва дигар офатҳои табиӣ гирифтори буҳронҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ буд, Тоҷикистон ҳам канор наистода, ба кумаки он шитофт ва дасти кам ду маротиба дар ҳаҷми наздики 2 миллион доллар кумакҳои башардӯстонаи худро ба мардуми зарардидаи он фиристод.

Гуфта мешавад, Покистон яке аз шарикони бо эътимоди Тоҷикистон дар минтақа аст ва тайи ин сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Исломобод чанд созишнома ва шартномаи бузурге ҳам дар бахшҳои тиҷорат, иқтисод, савдо ва сармоягузорӣ байни ду кишвар ба имзо бирасанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Баъди гузориши Azda.tv директори мактаб аз мақомаш барканор шуд

Волидоне, ки қаблан аз пулситонӣ дар мактаби №6-и шаҳри Ваҳдат шикоят доштанд, мегӯянд, пас аз нашри гузориши Azda.tv директори мактаб аз вазифааш барканор шуд.

Дар роҳ ба сӯи Эрон 17 нафар аз ташнагӣ ҷон бохтанд

Дастикам 17 муҳоҷири афғон, аз ҷумла занону кӯдакон, ҳангоми талоши расидан ба Эрон дар роҳ бар асари ташнагӣ ҷон бохтанд.

Аз танишҳои лафзӣ байни Русия ва Лаҳистон то ҳушдори амниятӣ

Пас аз изҳори назари вазири корҳои хориҷии Лаҳистон Радослав Сикорский дар бораи ҷанги Русия ва Украина таҳдидҳои лафзӣ байни Маскав ва Варшава шиддат гирифтааст.

Дар Русия мехоҳанд шумори кӯдакони хориҷиро дар мактабу кӯдакистонҳо маҳдуд кунанд

Дар Русия пешниҳод шудааст, ки шумори кӯдакони хориҷӣ дар мактабҳо, кӯдакистонҳо ва коллеҷҳо аз 25 дарсади хонандагон зиёд набошад.