7.9 C
Dushanbe

Мулоқоти раҳбарони ниҳодҳои зидди фасоди Тоҷикистону Узбекистон

Раҳбарони ниҳодҳои зидди фасоди Тоҷикистону Узбекистон дар Душанбе бо ҳам мулоқот намуда, дар бораи тақвияти ҳамкориҳои ду кишвар дар ин самт гуфтугӯ карданд.

Акс аз сомонаи Агеентии зидди фасоди Тоҷикистон

Ба гузориши дафтари матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, имрӯз 15-уми декабр дар Душанбе байни раҳбари ин ниҳод Султонзода Сулаймон Саид бо директори Агентии муқовимат ба коррупсияи Ӯзбекистон Бурханов Акмал мулоқот сурат гирифт.

Дар хабари Агентии зиддди фасоди Тоҷикистон таъкид мешавад, ки намояндагони ду кишвар дар мавриди роҳҳои пешгирӣ ва тақвияти мубориза бо куоррупсия бо ҳам гуфтугӯ кардаанд.

Гуфта мешавад, вохӯрии тарафҳо ҷанбаи гузоришӣ дошта, аз корҳои анҷомдодашуда дар чорчӯби “Нақшаи чорабиниҳо оид ба  амалисозии “Ёддошти тафоҳум” байни Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ва Агентии муқовимат ба коррупсияи Ӯзбекистон” барои солҳои 2022-2023 ба ҳамдигар гузориш дода шуд.

Дар хабар аз тафсилоти ин вохӯрӣ чизе гуфта нашудааст. Маълум нест тарафҳо ба чӣ натиҷаҳои муҳим расиданд ва зери кадом санадҳо имзо гузоштанд. Аммо одатан мулоқотҳои якҷояи ниҳодҳои мубориза бо коррупсияи кишварҳо бештар дар мавриди дастгирии ҳамдигар дар самти боздошту истирдоди шахсони дар ҷустуҷӯбуда, ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ ва кам кардани фасод ва инчунин табодули таҷриба дар ин самт мебошад.

Аммо ҳам Узбекистон ва ҳам Тоҷикистон дар реша давондани фасоду афзоиши он дар байни кишварҳои ҷаҳон ҷойҳои намоёнро ишғол мекунанд. Маълум нест ин ду кишвар, ки аз рӯи шохисҳои вуҷуди фасод дар байни кишварҳои дунё дар ҷойҳои поёнтарин қарор доранд, аз ҳамдигар дар ин росто чӣ касб хоҳанд кард.

Ба таври мисло, тибқи гузориши “Transparency International” аз рӯи шохиси вуҷуди коррупсия дар соли 2021 Узбекистон дар байни 180 давлати дунё мақоми 143-юмро бо доштани 28 бал ишғол кадааст. Тоҷикистон бошад дар мақоми 153 бо доштани 25 бал дар қатори Эрону дигар кишварҳои африқоӣ қарор дорад.

Ин гувоҳи он аст, ки дар ин ду кишвар фасод хеле реша давонда, бо вуҷуди мубориза бурдан бо фасоду ришваситонӣ, наметавонанд ин омили асосии барҳамзанандаи иқтисод ва пешрафтро бигиранд. Ҳатто дар Тоҷикистон борҳо худи масъулони баландпояи мақомҳои судӣ ва мубориза бо коррупсия бо ин иттиҳом боздошт ва зиндонӣ шудаанд.

Ба гуфтаи коршиносон, сабаби аслии вуҷуди фасод дар ин кишварҳо, даст доштани худи раҳбарони мақоми аввал дар ин кор аст. Ба таъкиди онҳо, дар кишварҳое чун Тоҷикистон, Узбекистон, Туркманистон ва ғайра ҳама мақомҳои давлатӣ, ҳатто мақомҳои судӣ ва зидди коррупсия ҳам хариду фурӯш мешаванд ва онҳое, ки ба чунин шева ба курсӣ мерасанд, ҳатман онҳо низ даст ба ришвар ва фасод мезананд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба вазъи тоҷикон дар Русия

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро нигаронкунанда ва мушкил арзёбӣ кардааст.

Аввалин тоҷик қаҳрамони куштии озоди Фаронса шуд

Рӯзҳои 27 ва 28-уми апрели соли ҷорӣ, дар шаҳри Тулузи Фаронсаи қаҳрамонии куштии озоди Фаронса миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.

Натанёҳу боздошт ва зиндонӣ мешавад?

Эҳтимол меравад Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои боздошти Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил ҳукм содир кунад.

ВКХ: Шаҳрвандони Тоҷикистон бе зарурат ба Русия нараванд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки бе зарурат муваққатан ба Русия сафар накунанд.