7.9 C
Dushanbe

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Душанбе бо ҳам мулоқот карданд.

Бино ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, субҳи имрӯз, 19-уми декбари соли 2022 Сироҷиддин Муҳриддин Раймундас Кароблисро дар бинои вазорат дар шаҳри Душанбе ба ҳузур пазируфт.

Ба қавли манбаъ, дар дидор Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо “ҳолати кунунии муносибатҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дар доираи абзорҳои мухталифи дуҷониба ва минтақавиро баррасӣ намуданд.”

Инчунин дар рафти ин мулоқот ҷонибҳо дар бораи густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, амният ва ғайраро дар чаҳорчӯби ташаббусҳои минтақавӣ гуфтугӯ карданд.

Гуфта мешавад, аз оғози робитаҳои сиёсӣ ва диполоматии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо беш аз 30 сол мегузарад. Иттиҳоди Аврупо яке аз ҷонибҳоест, ки дар замони ҷанги таҳмилӣ дар Тоҷикистон узви кишвару созмонҳои кафили сулҳ буд ва пас аз он низ дар бахшҳои мухталиф ҳамкорҳои худро бо Тоҷикистон тақвият бахшид.

Пас аз соли 2015 ва қатъ кардани фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар дохили кишвар ва ба дунболи он сарозер шудани мавҷе аз паноҳҷӯёни тоҷикистонӣ ба кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо барои чанд муддат муносибатҳои ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон бо ин Иттиҳодия сард шуд, вале баъдтар вақте он сақфи кумакҳояшро ба Тоҷикистон зиёдтар кард, Ҳукумати Эмомлаӣ Раҳмон низ дубора хостори таҳким бахшидани ҳамкориҳо бо он шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба вазъи тоҷикон дар Русия

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро нигаронкунанда ва мушкил арзёбӣ кардааст.

Аввалин тоҷик қаҳрамони куштии озоди Фаронса шуд

Рӯзҳои 27 ва 28-уми апрели соли ҷорӣ, дар шаҳри Тулузи Фаронсаи қаҳрамонии куштии озоди Фаронса миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.

Натанёҳу боздошт ва зиндонӣ мешавад?

Эҳтимол меравад Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои боздошти Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил ҳукм содир кунад.

ВКХ: Шаҳрвандони Тоҷикистон бе зарурат ба Русия нараванд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки бе зарурат муваққатан ба Русия сафар накунанд.