Аргентина бори севвум қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон гардид

Мунтахаби миллии Аргентина сазовори ҷои аввал дар Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар шуд. Дар таърихи футбол кишвари Қатар беҳтарин мизбони мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии футбол шинохта шуд.

Рӯзи 18-уми декабр дар кишвари Қатар бозии ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 баргузор гардид, ки дар он Фаронса ва Аргентина тавонистанд танҳо дар силсилаи пеналтӣ, қаҳрамонро муайян кунанд.

Бозии ниҳоӣ дар варзишгоҳи “Лусаил Айконик”-и шаҳри Лусаили Қатар бо иштироки наздики 90 ҳазор тамошобин, ки миёни онҳо ситораҳои шинохтаи варзиш ва сиёсатмадорон дида мешуданд, баргузор гардид. Бозиро Шимон Марчиняки лаҳистонӣ доварӣ мекард.

Дар 80 дақиқаи аввали дидор аргентиниҳо нисбати фаросавиҳо бартарият доштанд. Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 23 ҳамлагар ва капитани аргентиҳо Лионел Месси бо задани гол аз пеналтӣ боз кард.  Пас аз 13 дақиқа Анхел Ди Мария тубро ба ҳадаф расонд. Дар дақиқаи 41-ум барои тағйир додани услуби бозӣ сармурабии тими Фаронса, ду варзишгарашро иваз кард.

Гуфта мешавад, дар давоми 70 дақиқаи бозӣ Фаронса ҳатто ба дарвозаи Аргентина ягон зарба хам назад.

Баъд аз дақиқаи 70-ум фаронсавиҳо фаъол гардида, ба дарвозаи Аргентина ду гол заданд ва ҳисобро баробар намуданд. Ҳамлагари ҷавон Килиан Мбаппе дар дақиқаи 80-ум аз пеналти тӯбро ба ҳадаф расонда, баъди як дақиқа ӯ боз гол зад ва ҳисобро баробар кард. Замони асосии бозӣ мусовӣ анҷом ёфт.  

Дар қисмҳои иловагии бозӣ ҳарду тим фаъол буда, ҳамлаҳо анҷом медоданд. Дар дақиқаи 108-ум Месси тубро ба ҳадаф расонда, боз тимашро пеш бурд. Аммо дар дақиқаҳои охири қисми иловагӣ футболбозони Аргентина дар ҷаримагоҳ қоидаро вайрон карданд. Мбаппе аз пеналтӣ тӯбро ба самар расонда, ҳисобро баробар кард.  

Бозӣ то силсилаи пеналти рафт, бозигарони Фаронса натавонистанд ду тӯбро ба ҳадаф расонанд ва мунтахаби Аргентина аз рӯи силсилаи пеналти бо ҳисоби 4:2 пирӯз шуд.

Ҳамин тариқ, мунтахаби Аргентина бо шикаст додани Фаронса, баъд аз 36 сол боз қаҳрамони Ҷоми ҷаҳонии футбол гардид.

Гуфта мешавад, ин аввалин қаҳрамонии Ҷоми ҷаҳон аст, ки ҳамлагари 35-сола Лионел Месси дар муддати фаъолияти варзишиаш ба он ноил мегардад.

Дар маросими ҷоизасупории ФИФА, ки баъди анҷоми бозии ниҳоӣ дар варзишгоҳи «Лусаил Айконик» баргузор шуд, беҳтарин футболбози Ҷоми ҷаҳонии футбол 2022 насиби Лионел Месси шуд. Ӯ дар таърих аввалин футболбозест, ки ду бор ин ҷоизаро ба даст овардааст. Аз ин пеш ин ҷоизаро Месси дар қаҳрамони ҷаҳон соли 2014 дар Бразилия ба даст оварда буд.

Ҳамлагари мунтахаби Фаронса Килиан Мбаппе ҳамчун нишонзани беҳтарини мусобиқот дар Қатар бо  задани 8 гол  сазовори “Кафши тилоӣ” шуд.

Ҷоизаи беҳтарин дарвозабон ба Эмилиано Мартинес аз мунтахаби Аргентина супурда шуд. Беҳтарин футболбози ҷавони Ҷоми ҷаҳон-2022 насиби нимҳимоятгари Аргентина Энзо фернандеси 21-cола гардид.

Ҷоми ҷаҳонии футбол дар кишвари Қатар ба зеботарин шеваҳои баргузории мусобиқот дар таърихи футбол гузаронида шуд. Дар он 32 мунтахаб ширкат карданд. Оғози ин бозиҳо аз 20-уми ноябр шуруъ шуда то 18-уми декабр идома кард. Дар ин мусобиқоти футбол, мунтахаби Мағриб ҷойи чорум ва Хорватия ҷойи севумро ишғол карданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қоидаи нави вуруд ба Қазоқистон: QazETA барои шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳатмӣ мешавад

Қазоқистон аз тобистони соли 2027 барои аксари шаҳрвандони хориҷӣ иҷозатномаи электронии вуруд (QazETA)-ро ҳатмӣ мекунад.

Олмон аз сарнавишти Асадулло Бобоев хабар надорад

Чаҳор моҳ пас аз истирдоди Асадулло Бобоев аз Олмон, ҳукумати ин кишвар дар посух ба дархости вакилон гуфтааст, ки дар бораи боздошт ва парвандаи ҷиноятии ӯ дар Тоҷикистон маълумот надорад.

Русия квотаи иқомати муваққатии хориҷиён (РВП)-ро боз кам кард

Ҳукумати Русия квотаи иҷозаи иқомати муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷиро дар соли 2027 то 3010 адад коҳиш дод, ки ин нисбат ба соли ҷорӣ 792 адад, ё тақрибан 21 дарсад камтар аст.

Даромади буҷети Тоҷикистон барои соли 2027 муайян шуд

Ҳукумати Тоҷикистон даромади буҷети соли 2027-ро 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ кардааст, ки он 23,2 дарсад бештар аз буҷети тасдиқшудаи имсол мебошад.