Имтиёзи нав ба ширкати қудои Эмомалӣ Раҳмон

Дар Тоҷикистон ба ширкати “Тоҷиктелеком”, ки вобаста ба Хадамоти алоқаи кишвар, ки раҳбари он Бек Сабур, қудои Эмомалӣ Раҳмон аст, боз имтиёз дода шуд.

Бар асоси қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 22-юми декабри соли 2022, супоридани беш аз 67 миллион сомонӣ (қариб 6 миллиону 700 ҳазор доллар) қарзи ширкат аз молиёт (андоз), ки зиёда аз 24 миллион сомонӣ (2,4 миллион доллар)-и он фоиз ё баҳраи қарз аст, то як соли дигар ба таъхир гузошта шуд.

Ширкати “Тоҷиктелеком”, ки воридоти Интернетро дар кишвар инҳисор кардааст ва боиси гаронӣ ва суст будани суръати Интернет дар кишвар мебошад, солҳои охир вазъи молии хуб надорад ва аз молиёту ширкатҳои дигар қарздор шудааст.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, пештар идораи барқи Душанбе ва ширкати мухобиротии Тселл ба хотири напардохтани қарз аз “Тоҷиктелеком” ба додгоҳ шикоят карданд.

Гуфта мешавад, дар кишвар аксари ширкатҳои наздикону пайвандони раисҷумҳур аз имтиёзҳои зиёде бархурдоранд. Мисоли оддӣ, меҳмонхонаи “Исмоили Сомонӣ”-и шаҳри Душанбе, ки сохтмонашро бародарони ҳамсари Эмомалӣ Раҳмон анҷом дода истодаанддорад ва бояд дар якуним сол сохта мешуд, аммо сохтмонаш 15 сол боз идома дорад, қариб ҳамасола аз андоз ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.  

Гуфта мешавад, чун раиси Хадамоти алоқа Бег Сабур низ яке аз наздикон ва қудои раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон мебошад, табиист, ки аз имтиёзҳои давлатӣ ба таври автоматӣ баҳраманд хоҳад шуд.

Бег Сабур асосан бо суханҳои масхараомез ва тасмимҳои баҳсбарангезаш, аз ҷумла бастани сомонаҳо, қатъ кардани Интернет ва боло бурдани нархи симкортҳо, ки ин қарор дертар бекор карда шуд, миёни мардум ном баровардааст.

Инчунин ӯ “ягона” раисест, ки дар як бинои давлатӣ ба фурӯши хонаҳо ё ба гуфти худаш ба бизнес машғул аст. Дар гузашта кормандони Хадамоти алоқароро барои кор дар биноҳои сохтмониаш бурда буд. Дар соли 2018 моҳҳо маоши кормандонашро надода, ба ҷойи он кадуву пиёз тақсим карда буд.

Собиқ раиси шаҳри Кӯлоб Иноятзода Баҳром баъд аз манъи сохтмони хонаҳои писари Бег Сабур боздошт ва ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон 100 миллион доллар аз САСР қарз гирифт

Тоҷикистон бахши аввали қарзи 200-миллиондолларии Сандуқи авруосиёии суботу рушд (САСР)-ро дарёфт кард.

Миллионҳо рубл маоши муҳоҷирони тоҷикро баргардонданд

Дар даҳ моҳи соли 2026 ба муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия беш аз 32,5 миллион рубл (ҳудуди 405 ҳазор доллар) маоши пардохтнашуда баргардонида шудааст.

Баъди хабарҳо дар бораи эҳтимоли ихроҷ аз Гурҷистон, М. Тағоев аз вазъаш хабар дод

Муҳаммад Тағоев, блогер ва мунтақиди ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, дар суҳбат бо "Паём ТВ" вазъи худро пас аз хабарҳо дар бораи эҳтимоли ихроҷаш аз Гурҷистон шарҳ дод.

Такер Карлсон: Натанёҳу Трампро барои ҳамлаи ҳастаӣ ба Эрон фишор меорад

Такер Карлсон, рӯзноманигори маъруфи амрикоӣ, ҳушдор додааст, ки эҳтимол дорад Амрико дар рӯзҳои наздик ба Эрон ҳамлаи ҳастаӣ анҷом диҳад.