17.9 C
Dushanbe

СММ аз кишварҳои дунё хост ба боздоштҳои худсарона хотима диҳанд

Коммиссари Олии СММ вобаста ба ҳуқуқи инсон аз ҳамаи кишварҳои ҷаҳон

Комиссари олии СММ Фолкер Турк гуфт, “оғози соли навро бо аҳли оилаам таҷлил карда, дар бораи онҳое фикр кардам, ки наздиконашон барои ҳифзи ҳуқуқи инсон дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ ранҷ мекашанд.”

Ба гуфтаи ӯ, “инҳо касоне ҳастанд, ки табъизро маҳкум карда, мухолифи суиистифода ва фасод садо баланд мекунанд. Инҳо рӯзноманигорон ва ҳомиёни ҳуқуқи башар ҳастанд, ки барои иҷрои корҳои муҳим зиндонӣ шудаанд”.

Фолкер Турк бо таъкид аз ҳукуматҳо ва тамоми мақомоти ҳокимияти саросари ҷаҳон даъват кардааст, ки ҳамаи онҳоеро, ки барои истифода аз ҳуқуқҳои худ боздошт шудаанд, афв кунанд, гуноҳашонро бахшанд ё ба таври одӣ озод кунанд.

Ӯ бо муроҷиат ба ҳукуматдорон гуфтааст, “ба дилҳои худ назар андозед, парвандаҳои онҳоро бозбинӣ ва интихоби дуруст кунед: имсолро аз ба ҳаёт табтиқ намудани афкори Эъломияи умумиҷаҳонӣ оғоз кунед.”

Гуфтанист, рӯзи 10 декабри соли 2023, 75-умин солгарди қабули Эъломияи ҳуқуқи башар таҷлил мешавад. Эъломияро намояндагони тамоми минтақаҳои ҷаҳон навишта, қабул кардаанд, ки паёми асосии он риояи ҳуқуқи инсон мебошад.

Бознашр аз Payom.net

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Иди Қурбон муборак бошад!

Тамоми кишварҳои исломӣ рӯзи чоршанбе, 27-уми май Иди саиди Қурбонро ҷашн мегиранд. Дар Тоҷикистон низ фардо ин ид ҷашн гирифта мешавад.

Афзоиши шумораи муҳоҷирони тоҷик дар Лаҳистон

Лаҳистон тадриҷан ба яке аз самтҳои нави муҳоҷирати корӣ барои зодагони Осиёи Марказӣ табдил ёфта истодааст.

Эванс: Валиаҳди Саудӣ “ҳамин имрӯз” Исроилро эътироф мекунад

Баъзе мақомоти амрикоӣ мегӯянд, бо валиаҳди Арабистони Саудӣ гуфтугӯ доштаанд ва ӯ барои эътирофи Исроил изҳори омодагӣ кардааст.

Танҳо 41 дарсади аҳолии Тоҷикистон ба оби ошомиданӣ дастрасӣ доранд

Ҳукумати Тоҷикистон тасмим дорад то соли 2040 сатҳи дастрасии аҳолиро ба шабакаи оби ошомиданӣ то 90 дарсад афзоиш диҳад.