Тоҷикистонро сармои шадид интизор аст

Агентии обуҳавошиносии кишварамон ҳушдор додааст, ки Тоҷикистонро бодуҳавои номусоид ва сармои шадид фаро хоҳад гирифт.

Акс аз манбаъҳои боз

Бино ба иттилои АМИТ “Ховар”, “9-11 январ бо сабаби воридшавии анбӯҳи ҳавои сард аз самти аврупоии Федератсияи Россия дар бештари манотиқи кишвар сардшавии ҳаво дар назар аст.”

Агентӣ иттилоъ дода, ки 10-11 январ дар бархе ноҳияҳои вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво то 10-15 дараҷа паст мешавад. Ҳамзамон Агентӣ дар ин рӯзҳо бориши бошиддати барф дар минтақаҳои алоҳидаи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро аз эҳтимол дур намедонад.

Ҳамчунин гуфта мешавад, 9-10 январ дар ноҳияҳои алоҳидаи вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 15-20 метр дар як сония пешгӯӣ мешавад. Ва рӯзҳои 7-10 январ дар нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор сар задани тарма аз эҳтимол дур нест.

“Дар водиҳо бориш дар шакли барф ва дар қаторкӯҳҳо боридани барфи зиёд, дар роҳҳо, асосан дар ағбаҳо боридани барф ба амал меояд. Дар аксари ноҳияҳои баландкӯҳ  шамоли сахт ва боридани барфи зиёд дар назар аст. Инчунин дар қитъаҳои роҳи Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Рашт-Лахш, Душанбе-Сангвор, Душанбе-Шоҳин-Дарвоз-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб яхбандӣ ва фаромадани тарма аз эҳтимол дур нест.”, омадааст дар хабар.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Китоби нави Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳизби ҳоким рӯнамоӣ шуд

Китоби нави Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони "Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва марҳилаҳои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол" рӯнамоӣ шуд.

Путин қонунҳои нави зидди муҳоҷиронро имзо кард

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, бастаи қонунҳоеро имзо кард, ки қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар ин кишварро ба таври назаррас сахттар мекунанд. 

Дар Панҷакент маъракаи нави зидди “либоси бегона” баргузор шуд

Дар шаҳри Панҷакент рӯзи 4-уми август намояндагони Ҳизби Халқии...

Боздошти чанд хориҷӣ бо гумони ташкили фоҳишахона дар Душанбе

Пулиси Душанбе рӯзи 4-уми август аз боздошти як гурӯҳ шаҳрвандони хориҷӣ бо гумони ташкили фоҳишахона дар пойтахти Тоҷикистон хабар дод.