Арабистон шароитро барои ҳоҷиён осонтар мекунад

Вазорати Ҳаҷ ва Умраи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ тамоми шарту қайдҳое, ки дар замони куруновирус барои зоирон ҷорӣ карда буд, бекор кард.

9-уми январи соли 2023 Вазири Ҳаҷ ва Умраи Шоҳигарии Арабистон Саудӣ дар рафти ифтитоҳи Намоишгоҳи Ҳаҷ ва Умра-2023 дар Ҷидда гуфт, тамоми шуруте, ки барои пешгирӣ аз панҳшавии куруновирус ҷорӣ шуда буд, бекор карда шуданд.

Тавфиқ ар-Рабиъа, вазири Ҳаҷ ва Умраи Арабистони Саудӣ гуфт, шумори зоирон дар мавсими Ҳаҷ ба адади солҳои қабл аз паҳншавии куруновирус бар мегардад ва бидун дар назар гирифтани синну соли зоирон имсол ҳама воҷидони шароит метавонанд дар маросими Ҳаҷ ширкат кунанд.

Вазири Ҳаҷ ва Умраи Арабистон таъкид кард, шуруъ аз имрӯз нархи бимаи зоирони Умра аз 235 риёл ба 88 риёл ва нархи бимаи зоирони Ҳаҷ аз 109 риёл ба 29 риёл коҳиш дода шуд.

Намоишгоҳи Ҳаҷ ва Умра бо ҳузури намояндаҳои 60 кишвари дунё то 12-уми январи соли ҷорӣ дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ ба кори худ идома медиҳад ва дар ин муддат бо имкониятҳои ҷадид ва хидматрасониҳои навин ошно мешаванд.

Ба гуфтаи ӯ, яке аз хабарҳои хуш дар соли ҷорӣ барои ҳоҷиён он аст, ки агар дар гузашта, тибқи қарордод як ширкат барои хидматрасонии зоирони як давлат ҷалб карда мешуд, имсол худи намояндаҳои кишварҳо метавонанд барои беҳтар кардани хидматрасониҳо бо дилхоҳ ширкатҳое, ки иҷозаи фаъолият доранд, шартнома баста аз хидматрасонии онҳо истифода кунанд.

Инчунин, бо роҳандозии як пойгоҳ гирифтани раводид барои Умра хеле осон карда шудааст. Хоҳишмандон метавонанд дар муддати то 24 соат тариқи он-лайн визаи худро дарёфт кунанд. Ва муддати сафар низ аз 30 ба 90 рӯз афзоиш дода шудааст.

Гуфта мешавад, Вазорати Ҳаҷ ва Умраи Арабистони Саудӣ дар замони ҳамагирии куруновирус теъдоди зоирон дар мавсими Ҳаҷ ва дар дигар вақтҳо теъдоди зоирони Умраро ҳам ба ҳадди хеле зиёд коҳиш дода буд ва барои пешгирӣ аз ин беморӣ бузургсолонро аз адои Ҳаҷ ва Умра як муддат маҳрум карда буд.

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон ҳанӯз эълон накардааст, ки дар маросими Ҳаҷ-2023 чанд нафар иштирок хоҳанд кард. Дар замони пеш аз паҳншавии куруновирус солона наздик ба ҳафт ҳазор тоҷикистонӣ дар ин маросим иштирок мекард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон 100 миллион доллар аз САСР қарз гирифт

Тоҷикистон бахши аввали қарзи 200-миллиондолларии Сандуқи авруосиёии суботу рушд (САСР)-ро дарёфт кард.

Миллионҳо рубл маоши муҳоҷирони тоҷикро баргардонданд

Дар даҳ моҳи соли 2026 ба муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия беш аз 32,5 миллион рубл (ҳудуди 405 ҳазор доллар) маоши пардохтнашуда баргардонида шудааст.

Баъди хабарҳо дар бораи эҳтимоли ихроҷ аз Гурҷистон, М. Тағоев аз вазъаш хабар дод

Муҳаммад Тағоев, блогер ва мунтақиди ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, дар суҳбат бо "Паём ТВ" вазъи худро пас аз хабарҳо дар бораи эҳтимоли ихроҷаш аз Гурҷистон шарҳ дод.

Такер Карлсон: Натанёҳу Трампро барои ҳамлаи ҳастаӣ ба Эрон фишор меорад

Такер Карлсон, рӯзноманигори маъруфи амрикоӣ, ҳушдор додааст, ки эҳтимол дорад Амрико дар рӯзҳои наздик ба Эрон ҳамлаи ҳастаӣ анҷом диҳад.