7.9 C
Dushanbe

Ҳаҷ зиёрат ё тиҷорат?

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон гуфт, ки то ҳол нархномаи хароҷоти сафари Ҳаҷ маълум нашудааст.

Бино ба иттилои расонаҳо, 9-уми феврал раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон дар нишасти матбуотии ниҳоди зертобеаш гуфт, нархномаи хароҷоти сафари Ҳаҷ дар соли 2024 то ҳол аз ҷониби мақомоти салоҳиятдор муайян нашудааст.

Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон дар ҷамъи хабарнигорон гуфтааст: “Нархи сафари ҳаҷи фарзӣ то ба ҳол муайян нашудааст, нархи он бо ҳамкорӣ бо Хадамоти инҳисорӣ ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ муайян карда мешавад.”

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон ягона ниҳодест, ки масъулияти фиристодании зоирон дар мавсими Ҳаҷҷи фарзӣ ба Арабистони Саудиро дар ихтиёр дорад ва аз замоне, ки ҳукумат ин маъулиятро ба он додааст, дар муддати беш аз 14 соли ахир нархномаҳои он ҳамасола гаронтарин нархномаҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ, Афғонистону Эрону Покистон ва ҳатто Русия будааст.

Бо ин вуҷуд, бархе кормандони Кумитаи дин борҳо шуда, ки аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ, амният, прокуратура ва ғайра ба гирифтани пора ва ё даст доштан дар фасод муттаҳам шудаанд.

Ҳамзамон фиристодани зоирони тоҷикистонӣ барои адои зиёрати умра низ ба сурати озод барои ҳама ширкатҳои сайёҳӣ дар Тоҷикистон иҷозат дода нашудааст. Ин корро Кумитаи дин ва ду ширкати хусусии дигар, ки ба он наздик мебошанд, анҷом медиҳанд.

Нархномаи зиёрати умраи ин се ниҳод нисбат ба нархномаҳои бархе ширкатҳои сайёҳӣ дар кишварҳои ҳамсоя ва Русия хеле гарон аст. Ба ҳамин хотир, бисёре аз тоҷикистониҳо барои анҷоми умра аз хидматрасониҳои ширкатҳои сайёҳии кишварҳои ҳамсоя ва бахусус Узбекистону Қазоқистон ва Русия истифода мекунанд.

Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон бо нороҳатӣ аз ин масъала ба хабарнигорон гуфт, ки “мутаасифона, ҳастанд нафароне, ки танҳо бо дар назар гирифтани на он қадар фарқияти зиёд, ҳудуди 1000-2000 сомонӣ худашонро сарсон карда, ба воситаи кишвари ҳамсоя мераванд. Онҳо дар бисёр ҳолатҳо фирефтаи эълонҳо ё миёнаравҳои бардурӯғ мешаванд. Масалан, арзонтарин нархи умра аз Тошканд аз 1100 то 1400 доллар аст. Вале онҳо дар назар намегиранд, ки хароҷоти аз Душанбе то Тошканд рафтан чӣ қадар аст”.

Вазорати ҳаҷ ва умраи Арабистони Саудӣ маъмулан барои ҳама кишварҳои исломӣ бар асоси нуфуси сокинони мусалмони онҳо, сари ҳар як миллион нафар 1000 адад саҳмия ҷудо мекунад, аммо бо вуҷуди ба 10 миллион нафар расидани шумори аҳолии Тоҷикистон то ҳол теъдоди зоирони кишвар дар мавсими Ҳаҷҷи фарзӣ дасти кам ба 6000 нафар нарасидааст.

Гуфта мешавад, Ҳаҷҷи фарзӣ панҷумин рукне аз аркони дини ислом аст, ки вобаста ба тавонмандиҳои ҷисмонӣ, молӣ ва бехатару дар амон будан барои ҳар як мусалмон ба ҷо овардани он як маротиба дар умр фарз аст. Ҳаҷҷи фарзӣ вақту замони муайян дорад.

Маносики Ҳаҷҷи фарзӣ аз қабили тавофи Каъбаву саъйи байни Сафо ва Марва, рафтан ба Минову истодан дар Муздалифа, майдони Арафоту санг задан ҳама корҳои маълум мебошанд. Аммо умра як амри ибодатӣ буда, ҳар мусалмоне ҳар вақте хоҳад, метавонад рафта бо анҷоми тавофи Каъбаву саъйи байни Сафо ва Марва онро анҷом диҳад.

Ба иборати дираг, агар рафтан ба дидори Каъбаву зиёрат кардани мақоми Иброҳим, рафтан ба Мадинаву дидори марқади ҳазрати Паёмабари ислом Муҳаммад (с) ва ёрони бовафои ӯ, ба мисли Абубакару Умар барои зиорон ибодат бошад, ин масъала барои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон ва ширкатҳои наздик ба он тайи чанд соли ахир ба як тиҷорати пурдаромад табдил шудааст. Ба ҳамин хотир гарон будани нархномаҳои хидматрасонии онҳо хеле тоҷикистониҳоро маҷбур карда, ки рафта, ба қавле “пулро бегона” карда, аз хидматрасонии ширкатҳои кишварҳои ҳамсоя истифода кунанд.

Амруллоҳи Низом, махсус барои Azda.tv

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба вазъи тоҷикон дар Русия

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро нигаронкунанда ва мушкил арзёбӣ кардааст.

Аввалин тоҷик қаҳрамони куштии озоди Фаронса шуд

Рӯзҳои 27 ва 28-уми апрели соли ҷорӣ, дар шаҳри Тулузи Фаронсаи қаҳрамонии куштии озоди Фаронса миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.

Натанёҳу боздошт ва зиндонӣ мешавад?

Эҳтимол меравад Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои боздошти Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил ҳукм содир кунад.

ВКХ: Шаҳрвандони Тоҷикистон бе зарурат ба Русия нараванд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки бе зарурат муваққатан ба Русия сафар накунанд.