13.9 C
Dushanbe

Ҳабси пешакии гумонбарон дар ҳамлаи хунини Русия

Додгоҳе дар Русия чор зодаи Тоҷикистонро, ки дар қатли ваҳшиёнаи даҳҳо нафар гумонбар мебошанд, барои 2 моҳ ба ҳабси пешакӣ маҳкум кард.

Шаби 24-уми марти соли ҷорӣ дар Додгоҳи ноҳияи Басманнии шаҳри Маскав мурофиаи чор гумонбар дар ҳамлаи хунин ба “Крокус Сити Ҳолл”, пушти дарҳои баста баргузор гардид.

Дар курсии айбдорӣ чор зодаи Тоҷикистон, Далерҷон Мирзоеви 32-сола, Саидакрам Раҷабализодаи 30-сола, Шамсидин Фаридуни 25-сола ва Муҳаммадсобир Файзови 19-сола нишаста буданд.

Мақомоти Русия ин афродро бо иттиҳоми ҳамлаи террористии гурӯҳӣ (“банди “б”, қисми 3-и моддаи 205-и Кодекси ҷиноии Русия) гумонбар медонанд. Тибқи ин модда ба гумонбарон аз 15 соли зиндон то ҳабси абад таҳдид мекунад.

Гуфта мешавад, аввалин шуда ба толори додгоҳ кормандони интизомии рус Далерҷон Мирзоевро, ки беҳолу сардаргум менамуд ва дар сару рӯяш осори латтукӯбу дар гарданаш боқимондаи халтаи селофанӣ дошт, оварданд. Мирзоев оиладору соҳиби чор фарзанди ноболиғ буда, муҳлати сабти номи муваққатии ӯ дар Новосибирск ба охир расида будааст. Ӯ бо русӣ ҳарф зада наметавонад ва ба воситаи тарҷумон замони бозпурсӣ гап задааст.

Дар наворе, ки шабакаҳои наздик ба мақомоти Русия нашр кардаанд, дида мешавад, ки ӯро вақте аз болои дарахт ба поин мефарояд боздошт мекунанд.

Гумонбари дигар Саидакрам Раҷабализодаро низ бо осори зарбулати рӯй вориди толори додгоҳ карданд. Мақомоти рус замони боздошт гӯши рости ӯро бурида маҷбур карда буданд, ки онро бихӯрад ва ба ҳамин хотир дар мурофиа тарафи рости сараш бо дока печонда шуда буд. Саидакрам оиладор ва соҳиби як фарзанд буда, дар Русия сабти ном шуда будааст, аммо дар кадом минтақа аст дар ёд надорад.

Шаҳрванди дигари Тоҷикистон Фаридуни Шамсиддин, ки ба қатли даҳҳо нафар дар Маскав гумонбар аст, бо осори латтукӯб дар чеҳрааш дар курсии айбдорӣ нишаста буд. Ӯ низ оиладор буда соҳиби кӯдаки ҳаштмоҳа ҳаст ва замони боздошт дар корхонаи Паркети шаҳри Подолск кор мекард.

Фариддун дар наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд бо дастони баставу дар замин ба зону зада мегӯяд, ки 4-уми март аз Туркия ба Русия рафт ва барои иҷрои ҳамлаи террористӣ аз “ёрдамчии рӯҳонӣ” 500 ҳазор рубл гирифтааст. Дертар шабакаҳои русӣ дар Телеграм акси шиканҷа шудани ӯро бо барқ аз узви таносулаш нашр карданд.

Додгоҳи ноҳияи Басманнии шаҳри Маскав мегӯяд, ки ин се нафар гуноҳро пурра ба дӯш гирифтаанд ва ба ҳамин хотир онҳо то охирҳои моҳи май ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд.

Аммо Муҳаммадсобир Файзови 19-сола, ки бо аробача ва дар тан либоси беморонро дошт, ба толори додгоҳ оварда шуд, ӯ низ барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд. Додрас Тимур Вахрамеев пизишкони ҳамроҳи ӯро аз ҷаласаи додгоҳ берун кардааст.

Муҳаммадсобир замони боздошт аз чашми чапаш сахт ҷарроҳат бардошта, як рӯзи пеш дар шуъбаи эҳё бозпурсӣ шудааст. Дар наворе, ки аз рафти бозпурсии ӯ аз дохили беморхона нашр шудааст, Муҳаммадсобир аз тарҷумон мепурсад, ки ман “чӣ кор кардаам?”.

Гуфта мешавад, Файзов моҳи ноябри соли 2023 ба сартарошхонаи Тейково дар шаҳри Иваново ба кор даромада, ба қавли соҳибонаш дар онҷо ҳамагӣ се моҳ кор кардааст.

Бояд қайд кард, ки вакилони гумонбарон хоста буданд, ки муҳокима дар шакли боз ва бо иштироки рӯзноманигорон баргузор гардад, аммо мурофиаҳо бо баҳонаи “фош шудани сирри тафтишот” ва “таҳдид ба амнияти ширкатдорони ҳодиса ва наздикони онҳо” пушти дарҳои баста баргузор гардиданд.

Ҳатто дар наворҳое, ки расонаҳо аз аввали мурофиаҳо нашр карданд, шунида мешавад, ки кормандони интизомии рус ба рӯзноманигорон иҷозаи суол додан ба гумонбаронро намедиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки шоми ҷумъаи 22-уми марти соли ҷорӣ пеш аз оғози консерти гурӯҳи “Пикник” чанд нафар вориди бинои “Крокус Сити Ҳолл”-и шаҳри Красногорски вилояти Маскав шуда, сӯи мардум аз автоматҳо тир кушоданд. Пас аз чанде дар толори консертӣ таркиш ба амал омад ва оташи шадид сар зад. Бино ба иттилои расмӣ, дар натиҷаи тирпарронӣ ва оташ гирифтани бино 137 нафар, аз ҷумла се кӯдак ба ҳалокат расида, 182 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Пас аз ин ҳодиса худи ҳамон рӯз гурӯҳи террористии ДИИШ бо нашри наворе масъулияти ин ҳамлаи хунинро бар дӯш гирифт.

Мақомоти Русия дар аввал номи чанд нафареро нашр карданд, ки гӯё дар ин ҳамла даст доштанд, аммо Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ин маълумотро рад карда гуфтанд, ки ду нафари онҳо моҳи ноябри соли 2023 ба Тоҷикистон баргаштаанд ва ҳоло дар кишвар қарор доранд.

Ичнунин як муҳоҷири дигари тоҷик бо номи Рустам Назарови 29-сола, ки дар Самара ба ҳайси ронандаи мусофиркашонӣ кор мекардааст, пас аз дидани акс ва номаш ҳамчун гумонбар дар расонаҳо ба мақомот муроҷиат кардааст. Ӯ замони рух додани ин ҳодиса ҳамроҳи волидайнаш дар хона хӯроки шом мехӯрдааст.

Дар ҳамин ҳол, як муҳоҷири кории дигар аз Русия бо шарти ифшо нашудани номаш ба Azda.tv хабар дод, ки яке аз пайвандонашро, ки насабаш ба яке аз гумонбарони ин ҳамлаи хунин монанд будааст, кормандони интизомии рус барои 5 соат боздошт карда, бераҳмона латтукӯб кардаанд. Ва баъд аз маълум шудан ӯро озод кардаанд.

Дертар раиси Хадамоти амнияти федеролии Русия Александр Бортников ба президенти Русия Владимир Путин аз боздошти 11 нафар, аз ҷумла чор гумонбари асосие, ки дар ин ҳамла бевосита ширкат кардаанд хабар дод. Аммо хабаргузории BBC иттилоъ дод, ки ду гумонбари ҳамла, яке дар худи толори консертӣ ва дигаре ҳангоми боздошт дар вилояти Брянски Русия кушта шудаанд.

Мақомоти рус то ҳол ба ҷуз чор нафаре, ки шоми 24-уми март ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд, номи дигаронро нашр накардааст.

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон пас аз як рӯзи ин ҳамла, ки шаҳрвандони кишвар дар он гумонбаранд, дар суҳбати телефоние бо ҳамтои русаш Путин, онро маҳкум карда, таъкид кардааст, ки “террористон на миллат доранду на ватан ва на эътиқод”.

Ин ҳамлаи хунин, ки ҷони даҳҳо нафарро гирифт, корбарони шабакаҳоии иҷтимоӣ ва коршиносонро ба ду гурӯҳ тақсим кардааст. Гурӯҳе бар ин боваранд, ки ин ҳодиса саҳнасозии мақомоти рус аст ва нафарони бегуноҳ боздошт шудаанд, аммо гурӯҳи дигар назар ва тафсири мақомоти русро дар ин маврид қабул доранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.