Дар шаш моҳи аввали соли 2026 мақомоти Русия 43 ҳазору 700 муҳоҷирро барои нақзи қонунгузории ин кишвар ихроҷ кардаанд.
Бино ба иттилои раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин, ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 65,5 дарсад бештар мебошад.
Бар асоси ин омор, дар шаш моҳи аввали соли 2026 тақрибан 26 ҳазору 400 муҳоҷир аз Русия ихроҷ шуда, танҳо Вазорати корҳои дохилии Русия дар давоми соли 2026 беш аз 72 ҳазор муҳоҷирро бо иддаои нақзи қонунгузории ин кишвар ихроҷ кардааст.
Маълум нест, дар миёни муҳоҷирони ихроҷшуда чанд нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, чун на мақомоти Русия ва на мақомоти Тоҷикистон омореро дар ин бора нашр накардаанд.
Ба гуфтаи Володин, афзоиши шумораи ихроҷҳо натиҷаи тағйироти ахири қонунгузории вобаста ба муҳоҷират мебошад, чун то соли 2025 қарор дар бораи ихроҷи муҳоҷирон танҳо аз ҷониби суд қабул мешуд. Аммо аз моҳи феврали соли 2025 қонуни федералӣ ба иҷро даромад, ки бар асоси он Вазорати корҳои дохилии Русия низ ҳақ пайдо кард, бидуни муроҷиат ба суд қарор дар бораи ихроҷи шаҳрвандони хориҷиро қабул намояд.
Ҳамзамон, ҳафтаи гузашта Думаи давлатӣ қонуни наверо қабул намуд, ки доираи ҳолатҳои пешбиникунандаи ихроҷи муҳоҷиронро ба таври назаррас васеъ мекунад.
Пеш аз ин, ихроҷ танҳо барои вайрон кардани 22 моддаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Русия, аз ҷумла, ҷиноятҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, нақзи қоидаҳои муҳоҷират ва сарҳад, инчунин баъзе дигар ҳуқуқвайронкуниҳои вазнин, пешбинӣ шуда буд.
Акнун ба ин рӯйхат 45 моддаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ низ ҳамроҳ шуда, тибқи қонуни нав, муҳоҷирон метавонанд барои саркашӣ аз иҷрои талаботи қонунии корманди полис ё низомиён ҳангоми ҳифзи сарҳади давлатӣ, паҳн кардани маводи интернетие, ки ба гуфтаи мақомоти Русия шаъну шарафи инсон ё ахлоқи ҷамъиятиро таҳқир мекунад, вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, амалҳое, ки истифодаи Қувваҳои мусаллаҳи Русияро бадном мекунанд ё ба ҷорӣ ва ё тамдиди таҳримҳо алайҳи Русия даъват менамоянд, инчунин барои амалҳои марбут ба табъиз вобаста ба ҷинс, миллат, нажод, забон, дин ва дигар аломатҳо аз ин кишвар ихроҷ ва ҷарима шаванд.
Сахттар шудани сиёсати муҳоҷиратии Русия дар ҳолест, ки тибқи гуфтаи коршиносон иқтисоди ин кишвар то ҳол аз нерӯи кори муҳоҷирон, бахусус дар бахшҳои сохтмон, хоҷагии коммуналӣ, кишоварзӣ ва логистика вобастагии зиёд дорад. Бархе корфармоёни рус низ қаблан ҳушдор дода буданд, ки маҳдудиятҳои бештар метавонанд норасоии қувваи кориро дар бозори меҳнат амиқтар созанд.
