Афзоиши ҳаҷми содироти Эрон ба Тоҷикистон

Мақомоти расмии Эрон мегӯянд, ки дар соли ҷорӣ ҳаҷми содироти ин кишвар бар Тоҷикистон ҳудуди 50 дарсад афзоиш ёфтааст.

Тавре расонаҳои эронӣ иттилоъ медиҳанд, Ҳасан Нуризода, муовини ҳамоҳангии иқтисодии устони Хуросони Ризавӣ гуфтааст, ки ҳаҷми содироти Эрон ба Тоҷикистон наздик ба 50% афзоиш ёфтааст.

Ба қавли манбаъ, тибқи оморҳои муқоисавии шаш моҳи аввали соли ҷорӣ нисбат ба соли гузашта, содироти Эрон ба Тоҷикистон аз лиҳози вазн 55% ва аз лиҳози арзиш 45% афзоиш ёфтааст.

Ҳасан Нуризода гуфта, ки дар ин давра ҳаҷми содироти Эрон ба Тоҷикистон 98 миллион долларро ташкил медиҳад ва гардиши умумии савдои ду кишвар ба 200 миллион доллар мерасад.

Гуфта мешавад, Тоҷикистон ва Эрон пас аз як давраи рукуди доду гирифтҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ инак тайи 5 соли ахир рушди тиҷорат ва содироту воридот байни ду кишвар хеле рушд кардааст.

Аммо ба гуфтаи бархе огоҳон, рушди содироту воридоти молу колоҳои тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва дигар кишварҳо маънои онро надорад, ки сатҳу сифати кор ва муносибати мақомоти тоҷик бо соҳибкорону тоҷирон нисбатан беҳтар шудааст. Пора гирифтани мақомот аз соҳибкорони маҳаллӣ ва ғайра ҳамоно вуҷуд дорад ва сафи порагирҳо низ камтар нашудааст.

Ба ин хотир, дар ҳоли ҳозир хеле аз тоҷирону соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ аз тарси он ки мабодо моликият ва дороиҳояшонро ба ноҳақ ғасб накунанд, дар кишварҳои ҳамсоя ва минтақа маконҳои амнтареро ҷустуҷӯ доранд, то бахше аз сармоҳои худро аз Тоҷикистон хориҷ карда, ба ҷойҳои дигар интиқол диҳанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи роҳҳои фиристодани шаҳрвандон ба муҳоҷирати корӣ аст

Тоҷикистон дар як конфронси байналмилалӣ зарурати густариши роҳҳои қонунии муҳоҷирати кориро матраҳ кардааст.

HRW: Саркӯби дигарандешон дар Тоҷикистон идома дорад

Созмони HRW аз вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон нигаронӣ карда, мегӯяд, ки рӯзноманигорон, фаъолон ва мунтақидони сиёсати ҳукумат ҳанӯз ҳам зиндонӣ ҳастанд.

Боздошти ду мансабдори баландпоя барои замин

Мақомоти интизомии Тоҷикистон ду мансабдори баландпояи шаҳри Исфараро бо гумони гирифтани пора боздошт кардаанд.

Ҳамла бо корд дар Лаҳистон: як руҳонӣ кушта ва чаҳор нафар захмӣ шуданд

Дар шаҳри Ярослави вилояти Подкарпатии Лаҳистон як мард бо корд ба одамон дар дохили ибодатгоҳ ҳамла кард. Дар натиҷа як рӯҳонӣ ҷон бохта, чаҳор нафар захмӣ шудаанд.