Дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ шумораи ҷиноятҳои коррупсионӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзоиш ёфта, аммо ҳаҷми маблағҳои барқароршуда коҳиш ёфтааст.
Имрӯз, 22-уми июл, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Сулаймон Султонзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки ниҳоди зери раҳбарияш дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 1321 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии дорои хусусияти коррупсиониро ошкор кардааст.
Ба гуфтаи Султонзода, дар иртибот ба ин нисбати 711 нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, 425 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 504 нафар пас аз анҷоми тафтишот барои баррасӣ ба суд ирсол шудааст. Аммо гуфта нашудааст, ки дар миёни онҳо чанд нафар кормандони давлатӣ мебошанд.
Ҳамчунин кормандони Агентӣ дар ин давра 286 тафтишу санҷиш гузаронида, зарари молиявиро ба маблағи 315,9 миллион сомонӣ ошкор кардаанд. Аз ин маблағ 292,2 миллион сомонӣ ба манфиати давлат барқарор шудааст.
Тибқи иттилои пешниҳодшуда, дар маҷмӯъ аз ҳисоби ошкор намудани зарар, барқарорсозии маблағҳо, рӯёнидани бақияпулиҳои андоз ва ҷаримаҳои маъмурӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 449 миллион сомонӣ барқарор гардида, 349,5 миллион сомонӣ ба буҷети давлатӣ, 87,1 миллион сомонӣ ба корхона ва муассисаҳои давлатӣ ва 12,4 миллион сомонӣ ба ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва шаҳрвандон баргардонида шудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар нимсолаи аввали соли гузашта Агентӣ 1245 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии дорои хусусияти коррупсионӣ, инчунин 661,6 миллион сомонӣ маблағро барқарор карда буд. Имсол шумораи ҷиноятҳои ошкоршуда 76 ҳолат ё тақрибан 6,1 дарсад бештар шудааст ва дар баробари ин, ҳаҷми маблағҳои барқароршуда аз 661,6 миллион сомонӣ то 449 миллион сомонӣ, яъне тақрибан 32 дарсад коҳиш ёфтааст.
Дар ҳамин ҳол, тибқи Шохиси дарки фасод (Corruption Perceptions Index)-и созмони байналмилалии Transparency International, Тоҷикистон дар арзёбии соли 2025 бо 17 имтиёз дар миёни 182 кишвар дар ҷойи 166-ум қарор гирифта, ҳамоно аз ҷумлаи кишварҳое фасодзада маҳсуб мешавад.
