Афзоиши норасоии ҷойҳои нишаст дар мактабҳо бо вуҷуди таъсиси 85000 ҷойи нави нишаст

Вазорати рушди иқтисод ҳамроҳ бо ҳукумати Тоҷикистон барои бештар кардани шумори воридшавандагон ба донишгоҳҳои кишвар тавассути саҳмияи (квотаи) президентӣ ба тавофуқ расидаанд. Ин ниҳод аз авзоиши наздик  ба сидарсадии ин саҳмия хабар дод. Ҳамчунин мақомот аз нақшаи сохтмон ва таъмири садҳо мактаб хабар медиҳанд.

Тибқи иттилоъи Вазорати рушди иқтисод барои соли нави таҳсил шумори дарёфткунандагони квотаи президентӣ ба 1 670 расонида шудааст, ки нисбат ба соли таҳсили 2024–2025 наздики 400 адад бештар аст.

Тибқи маъмул ин ҷойҳо барои ҷавонони боистеъдод, бахусус духтарон аз деҳоту ноҳияҳои дурдаст ва кӯҳистоние пешбинӣ шудаанд, ки аз набудани мутахассис ранҷ мебаранд. Шумори ҷойҳои ҷудошуда барои минтақаҳо ба ин тартиб аст: Хатлон — 650 ҷой, Суғд — 446, НТҶ — 364 ва ВМКБ — 210 ҷой. 

Дар ҳамин ҳол коршиносону хонандагон аз адами шаффофият дар тақсими ин квотаҳост. Бештари ин ҷойҳо ба ҷавонони пуристеъдоди деҳотӣ нарасида, бо “тағобозӣ” тақсим ва ё фурӯхта мешаванд. Ҳамчунин коршиносон мегӯянд донишҷӯён баъди хатми донишгоҳ ба деҳоти худ сафарбар мешаванд, аммо ба маоши бисёр кам тоб наоварда, ба муҳоҷират мераванд.

Мақомот ҳамчунин нақша доранд то охири соли 2026 биноҳои нав ва корпусҳои иловагӣ барои беш аз 85 ҳазор ҷои нишаст сохта, ба истифода диҳанд. Барои ин кор ҳам маблағҳои дохилӣ ва ҳам грантҳои хориҷӣ (ба мисли Фонди Саудӣ ва лоиҳаҳо бо Русия) ҷалб шудаанд. 

Ҳарчанд 85 000 ҷойи нишасти нав барои хонандагон рақами бузург менамояд аммо дар асл афзоиши шумори хонандагон дар як сол хеле бештар аз ин рақам аст. Танҳо дар як сол шумораи хонандагон аз 2,358 млн ба 2,462 млн нафар расид (104 ҳазор хонанда зиёд шуд). Яъне агар воқеъан 85000 ҷойи нави нишаст ҳам сохта шавад, норасоии ҷойи нишаст 20 000 бештар мешавад. 

Гуфтанист, дар буҷаи соли 2026 барои соҳаи маориф 14 миллиард сомонӣ ҷудо кардаанд, ки 25,4% бештар аз соли гузашта ҳисоб шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Wildberries, қарзи бонк ва тоҷики ҳалолкор

Зарбаҳои Укроин ба амборҳои бузургтарин бозоргоҳи (маркетплейс) Русия идома...

Дороиҳои миллиардии як зодаи Тоҷикистон

Фарзандони вакили Думаи давлатии Русия аз ҳизби ҳокими “Единая Россия” ва зодаи Тоҷикистон Раҳим Азимов соҳиби амволи гаронарзише мебошанд, ки арзиши умумии онҳо тақрибан ба 2 миллиард рубл мерасад. 

Бедарак шудани се духтари афғон дар Варшава

Дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон (Полша) се хоҳар, ки узви як хонавода ва зодаи Афғонистон ҳастанд, як ҳафта боз нопадид шудаанд. 

Муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия 18% коҳиш ёфта аст

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор ба Русия сафар кардаанд, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 дарсад кам шудааст.