27.9 C
Dushanbe

Амрико барои Тоҷикистон гузаргоҳи марзӣ месозад

Сурат: tj.usembassy.gov

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон бо Идораи мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткории Созмони Милал тарҳи нави бозсозии гузаргоҳи Чалдовар дар минтақаи Шаҳритӯси марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро шурӯъ мекунад.

Бино ба иттилои сомонаи сафорати Амрико дар Тоҷикистон, ин лоиҳа тавассути Бюрои департаменти давлатии ИМА дар бораи мубориза бар зидди маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ маблағгузорӣ карда мешавад. Барқарорсозии иншооти постгоҳи сарҳадӣ дар Чалдовари вилояти Хатлон бо арзиши 995 ҳазор доллар дар муддати 12 моҳ ба анҷом хоҳад расид.

Гуфта мешавад, тарҳи бозсозии гузаргоҳи Чалдовар бо Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон мувофиқа шудааст ва баъди бозсозӣ дар ин гузаргоҳ то 40 марзбон метавонад хидмат кунад.

Ҳамчунин зикр гардидааст, ки дар ин гузаргоҳ анбор барои таҷҳизоти фаннӣ ва ҳуҷраҳои таълимӣ дар бинои муосир сохта мешавад, ки имкониятҳои марзбонони тоҷик барои таъмини амнияти марз ва мубориза бар зидди маводи мухаддирро тақвият хоҳад бахшид.

Ҷон Марк Поммершайм сафири Амрико дар Тоҷикистон дар оғози ин лоиҳа таъкид кардааст:

“Пуштибонии доимии мо аз марзбонони Тоҷикистон амният, субот ва истиқлоли Тоҷикистонро таҳким мебахшад. Тоҷикистон дар таъмини амнияти минтақа нақши муҳим бозӣ мекунад ва Амрико дар талош барои муқобила бо таҳдиди терроризм ва қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ шарики доимии Тоҷикистон боқӣ мемонад”,- гуфтааст сафир.

Дар идома гуфта мешавад, ки Ҳукумати Амрико аз соли 2002 ба ин тараф бозсозии 10 гузаргоҳ ва 3 таълимгоҳи марзбониро дар Тоҷикистон маблағгузорӣ кардааст.

Қаблан низ сафорати Амрико якҷоя бо Идораи мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткории Созмони Милал дар чанд тарҳи бозсозии гузаргоҳҳои марзӣ, бунёди гузаргоҳ, аз ҷумла дар Ишкошим баргузории тамринҳо барои кормандони Агентии мубориза бо маводи мухаддир ва тарҳҳои дигар ҳамкорӣ кардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Сохти беш аз 100 дидбонгоҳи марзии ҷадид

Толибон дар марз байни Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он зиёда аз 100 дидбонгоҳи марзии нав сохтанд.

Мулоқоти Эмомалӣ бо Дабири кулли СММ

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ню-Йорк бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш мулоқот кард.

Озодии 10 зиндонӣ бо пардохти 6 миллиард доллар

10 нафар аз зиндониёни эронӣ ва амрикоӣ бо "пардохт"-и 6 миллиард доллар озод шуданд.

Зеленский ҷаҳонро аз оғози ҷанги ҷаҳонии сеюм ҳушдор дод

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина 17-уми сентябр дар мусоҳибае бо...