Анҷоми таҳқиқи ҳамла ба “Крокус”

Мақомоти Русия тафтиши парвандаи ҳамлаи хунин ба “Крокус Ситти Ҳолл”-ро давоми камтар аз як сол ба поён расонданд.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, ҳоло ҷонибҳо бо маводи парванда шинос шуда истодаанд ва тибқи қонун, ин корро аввал ҷабрдидагон, ки ҳудуди ҳазор нафаранд, анҷом медиҳанд .

Пас аз шиносоии ҷабрдидагону гумонбарон бо парванда, ба эҳтимоли зиёд он то охирҳои моҳи марти соли ҷорӣ ба додгоҳ фиристода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки шоми ҷумъаи 22-уми марти соли 2024 пеш аз оғози консерти гурӯҳи “Пикник” чанд нафар вориди бинои “Крокус Сити Ҳолл”-и шаҳри Красногорски вилояти Маскав шуда, сӯи мардум аз автоматҳо тир кушоданд. Пас аз чанде ин бино оташ гирифт.

Ба иттилои расмӣ, дар натиҷаи тирпарронӣ ва сар задани оташ 144 нафар, аз ҷумла се кӯдак ба ҳалокат расида, беш аз 180 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Дар пайи ин ҳодиса мақомоти Русия хабар доданд, ки беш аз 20 нафарро боздошт кардаанд, ки аксарашон зодагони Тоҷикистон мебошанд ва қисме аз онҳо худро бегуноҳ шуморида, аз додгоҳ раҳоии худро талаб карда буданд.

Инчунин пас аз ин ҳодиса навори иқрори гуноҳи Далерҷон Мирзоев, Муҳаммадсобир Файзов, Саидакрам Раҷалибзода ва Фариддуни Шамсиддин аз ҷониби мақомоти Русия нашр шуда буд.

Аммо маълум нест ин чаҳор гумонбар дар чӣ шароите суҳбат кардаанд, чун дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое аз рафти шиканҷаи ин афрод нашр шуда буд ва ба мурофиаи додгоҳӣ онҳоро бо осори ҷароҳат дар сару рӯяшон оварда буданд.

Ҳамчунин дар ҷомеа ва шабакаҳои иҷтимоӣ шаффоф будани тафтиши парванда ба хотири махфӣ буданаш ва даст доштани тоҷикон дар ин ҳамла зери суол қарор гирифтааст.

Пас аз ҳодисаи хунин дар “Крокус Сити Ҳолл”, муҳоҷирони тоҷик аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни Русия гуфта буданд, ки санҷишу боздошт ва ихроҷи иҷбории тоҷикон афзуда, муносибати мардуму корфармоён бо онҳо тағйир ёфта, аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифтани муҳоҷирон бештар шудааст.

Дар чанд моҳи охир низ чанд тарҳи нави қонунҳое дар Русия пешниҳод ва қабул гардиданд, ки кор дар соҳаҳои гуногун барои муҳоҷиронро маҳдуд ва вазъи онҳо дар ин кишварро мушкилтар мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Роғун” ё нерӯгоҳи офтобӣ, ки бо суръат арзон мешавад? Кадоме беҳтар аст? 

Дар ҳоле ки қимати нерӯгоҳ ва барқи офтобиву бодӣ бо суръат арзонтар мешавад ва суръати сохтмони нерӯгоҳи офтобӣ низ бамаротиб тезтар аст, оё месазад ба ҷои “Роғун” дар Тоҷикистони офтобӣ нерӯгоҳи офтобӣ сохта шавад?

Сафири Тоҷикистон дар Эрон: Душанбе аз таҳримҳои зидди Эрон ҳимоят намекунад

Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ гуфт, Душанбе мухолифи таҳримҳои зидди Эрон аст ва чунин маҳдудиятҳоро ба нафъи ҳеҷ кишвар намедонад.

СММ: Дар се соли охир наздик ба шаш миллион муҳоҷири афғон ба ватанашон баргаштаанд

Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон (UNHCR) мегӯяд, дар давоми наздик ба се соли охир тақрибан шаш миллион шаҳрванди Афғонистон аз кишварҳои хориҷӣ ба ватанашон баргаштаанд.

Боз марги як сарбоз дар артиш. Чаро касе сабаби маргашро шарҳ намедиҳад?

Солеҳ Файзиеви 19-сола, ки ихтиёран ба хидмати ҳарбӣ рафта буд, дар шароити номаълум ба ҳалокат расидааст.