Чанд сатре перомуни озодандешӣ ва талошҳои хафақоншудаи насли навин, ба муносибати зодрӯзи рӯзноманигори ҷавон ва адолатхоҳу озодандеш Далери Эмомалӣ.
Як рӯзи маъмулӣ
Як рӯзи маъмулие буд, ки бояд ба дарс мерафтам. Равзанаро кушодам, то бубинам ҳаво чӣ гуна аст, баробари боз кардани тиреза, ҳавои хеле сард ба рӯям зад. Ба худ қарор додам, ки бояд ҳатман либоси гармтар бипӯшам. Тарси ман аз сардии ҳавои берун набуд, балки аз сардии синфхонае буд, ки он рӯз бояд панҷ соати тамом дар он менишастем. Ҳатто бо харидории бухории чиние, ки устодон чор баробари нархи он пул ҷамъ карда буданд, гармиро эҳсос намекардем. Баъзан дастҳоямро ба танаи он мечаспонидам ва танҳо пас аз чанд лаҳзае гармиро эҳсос мекардам. Тасаввур кунед, ки чунин бухорӣ мебоист, як синфхонаи калонро гарм кунад. Шояд баъзе бигӯяд, ки як бухорӣ бемалол як синфхонаро метавонад гарм кунад, аммо ҳаминро бояд бигӯям, ки рӯзҳои сарди барфӣ барои гарм шудан ба берун мебаромадем. Одатан дар чунин ҳавои сард синфхона аз берун дида сардтар буд ва бештари вақт пас аз интиҳои дарсҳо ларзон аз он синфхона хориҷ мешудем. Ба ҳамин хотир он субҳ тасмим гирифтам, ки пироҳани сафеду гарданбанд (галстук)-ро ба пӯшоки гармтаре иваз кунам.
Литсеи касбии алоқа аз хонае, ки он замон он ҷо мезистем, танҳо 15 дақиқа дурӣ дошт ва бо тез қадам задан худро сари вақт ба онҷо расондам. Аммо расидан баробар муаллими тарбияи ҷисмониро пеши дар пайдо кардам, ки он замон масъулияти таълиму тарбияро низ ба уҳда дошт. Як-як хонандагонро аз тафтиш мегузаронд ва ҳар касе, ки пироҳани сафед ё гарданбанд надошт, иҷозаи даромадан намедод. Навбати ман расид, муаллим бо изҳори норозигӣ гуфт: “Хуб, ту чаро? Ту ку бачаи босавод.” Ман ҳам дар посух гуфтам: “Айнан ба ҳамин хотир. Намехоҳам хунук бихӯрам, шумо аввал синфхонаро гарм кунед, пасон чунин талаб кунед.” Хулоса ин шуд, ки пас аз баҳси зиёд ман бо тамоми итминон гуфтам, ки ҳамчун шаҳрванд ман ҳаққи гирифтани таълимро дорам ва муаллим наметавонад маро аз ҳаққам маҳрум кунад ва ин боис шуд, ки иҷозаи вурудро пайдо кунам. Он рӯз чунин саҳнае то охири дарс такрор шуд.
Ҳуҷҷати донишҷӯӣ
Дертар бояд ҳуҷҷати донишҷӯӣ пайдо мекардам, то аз дасти “облава” дар амон бимонам, чун бо вуҷуди доштани 16 сол чанд бор маро доштаву пурсупос карда буданд. Ва як дафъа ҳатто дар худраве савор карда чанд километр бурданд ва танҳо пас аз раддубадалҳои зиёд раҳоям карданд. Ва ман мебоист барои такрор нашудани чунин ҳодиса ҳарчи тезтар ҳуҷҷати донишҷӯиямро мегирифтам. Хулоса ин шуд, барои гирифтани ҳуҷҷат бояд назди ҳамон муаллим мерафтам. Бо худам гуфтам: “Оё маъно дорад чунин чизеро аз ӯ пурсидан?” Ба ҳар ҳол рафтам ба наздаш ва дари утоқашро задам. Дарро боз карду гуфт: “Ту! Ҳамоне, ки маро назди хонандагон шарманда кардӣ.” Табассуме карду гуфт: “Медонӣ, ки ман он рӯз аз ту фахр кардам. Чӣ қадар мо ин рӯзҳо эҳтиёҷ дорем, ки ҷавонон ҷуръати бештаре дошта бошанд. Мефаҳмӣ, ки моро маҷбури чунин корҳо мекунанд. Ман ҳамаашро мефаҳмам, аммо маҷбурам.” Хеле бо таассуф гуфт: “Ба чунин рӯзҳо расидем, ки ҳоло ман шодам, ки зиддин ин қарори ахмақҳои бекаллаи зӯргӯ эътироз мекунед, аммо дар айни замон аз он метарсам, ки онҳо камтарин эътирозро саркӯб мекунанд ва чунин бачоҳоро мешикананд.” Он ҳуҷҷатро бе кадом талабе бароям дод ва бо ҳасрат гуфт: “Эй кош, ҷавонони бештаре чунин мебуданд, чун шуморо дар танҳоӣ хоҳанд шикаст.”
Шавқи адолатхоҳӣ дар Далери Имомалӣ
Чунин эҳсосе маро фаро мегирифт ҳар замоне Далери Имомалиро медидам. Замоне ки мошинҳои бодабдабаи мансабдоронро нишон медоду мегуфт: “Ин ҳама аз пули андози ману шумост.” Замоне ки биноҳои Бег Сабурро нишон медоду аз ҳолати зори мардум, ки дар он биноҳо хона гирифтаанд, мегуфт, аз он лулаи ташноберо, ки Бег Сабур аз байни роҳрави мардум гузарондаву парвое надошт ва аз коргарони корхонаи давлатӣ, ки Бег онҳоро ба таври иҷборӣ дар онҷо кор мефармонд, ба бинандагон қисса мекард. Ин ҳама хотироти маро зинда мекард.
Чунин наворҳои Далер дар шабакаи Ютуб бештар аз ним миллион бинанда мегирифтанду мардум дар он наворҳо мушкилоташонро медиданд. Мардум эҳсос мекарданд, ки нафаре ҳаст, ки дар ин замони тарс аз мушкилот мегӯяд. Нафаре ҳаст, ки аз камбудии роҳбарон мегӯяд, нафаре ҳаст, ки қонуншикании мансабдоронро ошкор мекунад. Дилаш барои ватанаш метапад ва бо дидани ҳоли зори нодоре, мазлуме, осебдидае, нобаробарие онро бо дурбинаш сабт мекунаду барои ҷомеа пешниҳод мекунад, то масъулон барои рафъи он бикӯшанд ва роҳҳале пайдо кунанд. Аммо мутаассифона, ба ҷои пайдои роҳҳал, ин мансабдорон мушкилро дар гӯяндаи он диданд. Танҳо ба хотири гуфтан аз камбудиҳояшон ба ӯ тамғаи хоину иғвогарро часпониданд. Касе, ки бо камтарин дидани пешравию ободиҳои кишвар мешукуфту мефахрид ва онро сабт кардаву боз пешкаши тамошобинон мекард. Ӯ барномаи “Ватан дигарай”-ро роҳандозӣ карда, дар он аз дастовардҳои кишвар мегуфт. Далерро медидаму фикр мекардам, ки ҳоло ҳам ҳақиқатгӯӣ дар кишвар намурдааст. Эй кош чандто чунин ҷавоне мебуд, ки ҳақро мегуфт. Аммо танҳо як ҷавони дигар канори ӯ истод, ки ҳоло бо ҳам дар зиндонанд. Дақиқан он чизеро сари онҳо оварданд, ки ҳама аз он тарс доштанд.
Далери Имомалӣ – баҳои адолатхоҳӣ
Имрӯз Далери Имомалӣ 35-сола шуд, ӯ 28 июли соли 1988 таваллуд шудааст. Ин журналисти ҷавонро шоми 15 июни соли 2022 баъди бозпурсӣ боздошт карданд. Ӯ барои таҳияи як силсилаи гузоришҳои танқидӣ оид ба фаъолияти сохторҳои давлатӣ кор мекард. Додгоҳ ӯро ба 10 соли ҳабс маҳкум кард ва 12 800 сомонӣ ҷарима баст. Журналистро ба “иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои мамнуъшуда”, “корномаи ғайриқонунӣ” ва “пешниҳоди маълумоти дурӯғин” айбдор карданд.
Додгоҳ паси дарҳои баста баргузор шуд ва намояндагони расонаҳоро дар он роҳ надоданд. Якчанд ташкилоти байналмилалӣ, аз ҷумла САҲА ва Кумитаи байналмилалии ҳифзи рӯзноманигорон ва чанде дигар аз чунин созмонҳои ҳуқуқӣ, озодии фаврии Далери Имомалиро талаб карданд, аммо ҳукумати Тоҷикистон ба ин даъватҳо то ҳол ҷавоб надодааст.
Дар мактубе, ки Далери Имомалӣ аз Боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО) ба президенти Тоҷикистон навишт, ӯ ҷузъиёти парвандаашро фош кард. Ӯ аз президент хоҳиш кард, ки ба парвандааш ва парвандаҳои дигар ҳамкасбонаш бетараф набошад. Далери Имомалӣ навишт, ки ҳукми додгоҳро қабул надорад, зеро таҳқиқоти парванда ва ҳукми додгоҳ пур аз “дурӯғ, туҳмат ва далелҳои зиддунақиз” буданд. Ӯ изҳор дошт, ки ҳеҷгоҳ узви “Гурӯҳи 24” набуд.
Дар охири мактуб ӯ аз он ҳушдор дод, ки дар сурати нашри ҳар видео бо иштироки ӯ ва ҳамроҳонаш, аз ҷумла Абдулло Гурбатӣ, Завкибек Сайдамини ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, мардум ба он бовар накунанд, зеро видеоҳо таҳти фишори равонӣ ва ғайриқонунӣ сабт шудаанд.
Таваллудат муборак Далери Имомалӣ!
Орзуманди рӯзҳое ҳастем, ки шуморо дар озодӣ бубинам! Ҳар як қадами шумо ба сӯи адолат ва ҳақиқат барои ҳамаи мо илҳомбахш аст. Орзуманди он ҳастам, ки ормонҳоятон амалӣ шаванд ва миллат бо қаҳрамонҳое чун шумо фахр кунад.
Бо эҳтиром ва дуоҳои беҳтарин, Муҳаммадшарифи Абдуллоҳ