Сафари Трамп ба Риёз. Таваққоти Риёз ва умедҳои минтақа

Дар пасманзари сафари раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп ба Арабистони Саудӣ таҳлилгарон аз таваққуоти Риёз, умедҳо ва натоиҷи ин сафар гуфтугӯ доранд.

Имрӯз, 13 майи 2025, президенти ИМА Доналд Трамп пас аз дубора президент интихоб шуданаш аввалин сафари расмии хориҷии худро аз Арабистони Саудӣ оғоз кард.

Ҳадаф аз ин сафар, таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои энергетика, мудофиа, технология ва баррасии масъалаҳои минтақавӣ гуфта шудааст. Мулоқот бо сарони кишварҳои Халиҷ, иштирок дар форумҳои сармоягузорӣ ва баррасии масоили минтақавӣ низ дар назар аст. Гуфта мешавад, ин сафар аз 13 то 16 май идома хоҳад ёфт.

Қарор аст дар ин сафар ёддошти тафоҳум байни Амрико ва Арабистони Саудӣ дар бораи барномаи ҳастаии сулҳомез ба имзо расад, ки ба гуфтаи таҳлилгарон, дарҳоро барои ҳамкорӣ дар соҳаи барномаи ҳастаии сулҳомез дар минтақа боз мекунад.

Ба иттилои расонаҳо, мавзуҳои муҳими дигаре, ки дар дидори Трамп ба Саудӣ ва кишварҳои Халиҷ бояд баррасӣ шавад, қазияи ҷанг дар Ғазза, музокироти Эрону Амрико дар робита ба силоҳи ҳастаӣ мебошад.

Ҳамзамон таъкид мешавад, ки зимни ин сафар мавзуи Сурия ва Лубнон бо ҳузури раисҷумҳурони ин ду кишвар Аҳмад Шаръ ва Ҷозеф Авн дар Риёз сурат бигирад. Интизор меравад, пас аз ин дидору мулоқотҳо таҳримҳо алайҳи Димишқ бекор карда шаванд.

Ба назари таҳлилгарон, Риёз мехоҳад ин фурсатро барои сохтани як меҳвари ягонаи нав дар минтақа, бо дарназардошти коҳиши нуфузи Эрон истифода кунад.

Гуфта мешавад, дар ин сафар Трампро ҳайати калони вазирону намояндагони ҳукумати нави Амрико, аз ҷумла вазири мудофеа Бет Ҳигсит, вазири корҳои хориҷӣ Марко Рубиё, вазири молия Скотт Беллигт ва гурӯҳи бузурги соҳибкорон, аз ҷумла Элон Маск, роҳбари Tesla ва мушовири Трамп ҳамроҳӣ мекунанд.

Ҳашт сол пеш Трамп низ аввалин сафарашро аз Арабистони Саудӣ шуруъ карда буд. Ба назари таҳлилгарон, равобити Амрико бо кишварҳои Халиҷ баёнгари нақши калидӣ доштани онҳо дар ҳалли низоъҳои минтақавӣ ва дар рушди алоқаҳои тиҷоратӣ бо Амрико аст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ихроҷи чанд донишҷӯ барои иштирок накардан дар “маршировка”

Чанд донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба хотири иштирок накардан дар "маршировка" аз донишгоҳ ихроҷ шуданд.

Чин хостори густариши ҳамкориҳои амниятӣ ва иқтисодӣ бо Тоҷикистон аст

Сарвазири Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Чян рӯзи душанбе бо раисҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидор кард.

Нишасти СҲШ дар Душанбе: кадом масъалаҳо баррасӣ мешаванд?

Рӯзҳои 19–20-уми октябри соли 2026, дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарвазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) баргузор мешавад.

Дар пайи нооромиҳо дар Фаронса маҳдудияти шабгардӣ ҷорӣ шуд

Ҳукумати Фаронса пас аз нооромиҳои хиёбонӣ рӯзҳои истироҳат барои ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои маҳаллии шабгардӣ дастур додааст.