14.9 C
Dushanbe

Боздошти як афсар бо иттиҳоми қаллобӣ

Мақомоти Тоҷикистон як афсари Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳи кишварро бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт кардааст.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи кишвар дар иттилоияаш аз ин афсар Қудбиддинзода Қ.Қ ном бурда, мегӯяд, ки ӯ моҳи ноябри соли 2023 бо истифода аз мақоми хидматии худ бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд О.Т. даромада, аз ӯ барои “озод” кардани як наздикаш аз хидмати ҳарбӣ 61 000 сомонӣ талаб кардааст.

Ин дар ҳолест, ки Қудбиддинзода барои озод кардани сарбозон аз хидмати ҳарбӣ ҳеҷ гуна ваколат надоштааст. Аммо дар давраи солҳои 2023 то 2024 дар чанд марҳилла дар умум 59 000 сомонӣ гирифта, маблағро барои эҳтиёҷоти шахсии худ сарф намудааст ва он сарбозро низ аз хидмат озод накардааст.

Нисбати Қудбиддинзода Қ.Қ. тибқи моддаи 247, қисми 3, банди “а”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне қаллобӣ дар ҳаҷми калон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

То ҳол назари гумонбар ва ё адвокаташ дастраси расонаҳо нагардидааст. Ва ҳамчунин назари ҷабрдида низ вобаста ба қазияи мазкур маълум нест.

Бояд гуфт, марги ҷавонон ва бадрафторӣ дар қисмҳои ҳарбии кишвар нисбати сарбозон боис шудааст, ки ҷавонон аз рафтан ба хидмати ҳарбӣ даст мекашанд ва мақомот барои ҷалби онҳо аз усулҳои “облава” ва фишор ба пайвандону наздиконашон истифода мебаранд. Баъзе ҷавонон пас аз иҷборан ҷалб шудан ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар талош мекунанд бо додани ришва аз хидмати ҳарбӣ озод шаванд ва дар аксар ҳолат дар доми қаллобон меафтанд.

Ва ин бори аввал нест, ки кормандони соҳаи низомӣ бо иттиҳоми қаллобӣ дастгир мешаванд. Ҳамасола Агентии зидди фасод даҳҳо корманди давлатиро дар миёни низомиён, омӯзгорон ва ғайра бо ҷурми даст доштан дар фасоду ришва боздошт мекунад, аммо ин мушкилӣ дар кишвар сол ба сол бештар мешаваду кам на.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, дар Тоҷикистон решакан кардани ришва ва фасоди идорӣ кори саҳлу соддае нест, зеро аз як сӯ агар ангезаи ин корҳо ба маоши ками кормандони давлатӣ рабт дошта бошад, аз сӯи дигар, ин амал дар сатҳҳои болоии Ҳукумат ривоҷ дорад ва решаи ҳамаи ин ришваситониҳо мерасад ба худи шахси аввали ҷумҳурӣ ва пайвандону наздиконаш, ки дар чунин сурат аз байн бурдани фасод амри маҳол хоҳад буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Изҳори ташаккурии Трамп аз боз шудани тангаи Ҳурмуз

Рӯзи ҷумъа, 17-уми апрел вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Ироқчӣ бо нашри паёме дар шабакаи Х аз пурра боз шудани тангаи Ҳурмуз хабар дод.

Тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ду кушта ба ҷо гузошт

Шаби 17-уми апрел дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар ҳудуди ноҳияи Фархори вилояти Хатлон даргирии мусаллаҳона сура гирифт, ки дар натиҷа ду нафар кушта шуданд.

Фарзанди Эмомалӣ унвони илмӣ гирифт

Фарзонаи Эмомалӣ, духтари хурдии раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон унвони номзади илмҳои тиб гардидааст.

Истифодаи паҳподҳо дар машқҳои низомии “Ҳамкорӣ–2026” дар Хатлон

Дар вилояти Хатлон машқҳои низомии муштараки амалиётӣ-стратегии "Ҳамкорӣ–2026" бомуваффақият анҷом ёфтанд.