-4.1 C
Dushanbe

Ҷанозаи Қобилҷон дар Шаҳринав

Қобилҷон Алиеви 10-cоларо, ки рӯзи 16-уми декабр дар пайи ҳамлаи террористӣ дар як мактаби Русия бераҳмона кушта шуд, дар деҳаи Аҷами ноҳияи Шаҳринав дафн карданд.

Ҷасади беҷони Қобилҷонро бомдоди имрӯз, 18-уми декабр тавассути парвози Маскав-Душанбе ба Тоҷикистон оварданд ва гурӯҳе аз хабарнигорон барои инъикоси мавзуъ ба фурудгоҳ рафта буданд.

Тибқи иттилои Радиои Озодӣ намояндагони фурудгоҳ, бахусус кормандони бахши амниятии он дар оғоз иҷоза надоданд, ки лаҳзаи баровардани ҷасад ба навор гирифта шавад ва баъзе хабарнигоронро маҷбур ҳам карданд, ки наворҳои гирифтаашонро пок кунанд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки кормандони мақомот дар маросими ҷанозаи Қобилҷон ҳам, ки афроди зиёде ҷамъ омада буданд, ба хабарнигорон иҷозаи сабту аксбардориро надодаанд.

То ҳол мақомот расман шарҳ надодаанд, ки чаро монеи кори хабарнигорон шуданд.

Ёдовар мешавем, ки субҳи 16-уми декабр, хонандаи синфи 9 бо номи Тимофей ба мактабаш дар шаҳраки Горки-2-и ноҳияи Одинсовои вилояти Маскав дар тан ҷавшан (бронежилет) ва бо корд ҳамла карда, чанд нафарро теғ мезанад. Дар натиҷаи ин ҳамлаи террористӣ хонандаи синфи 4-и ин мактаб Қобилҷони Алиев дар ҷойи ҳодиса бар асари захмҳои амиқ ҷон медиҳад ва посбони ин мактаб захмӣ мешавад.

Ин ҳодиса вокунишҳои густурдаеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва миёни ҷомеаи Тоҷикистон ва ҳатто хориҷиён ба миён овардааст.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо пахши изҳороте заминаи кушторро “бегонаситезӣ” номида, гуфт, дар пайванд ба ҳодиса сафири Русияро дар Душанбе даъват кард ва ба ӯ “нота” бо талаби фавран, воқеъбинона ва беғаразона гузаронидани тафтишоти ин ҳодисаи фоҷеабор ва ба ҷавобгарии қатъӣ кашидани гунаҳкорон, супурд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳам хабар дод, ки вазир Рамазон Раҳимзода дар суҳбати телефонӣ аз ҳамтои русаш Владимир Колоколтсев талаб кардааст, ки “сабабу омилҳои ҳодиса ҳамаҷониба санҷида ва чораҷӯӣ карда шавад”.

Омбудсмени Тоҷикистон ҳам дар суҳбат бо ҳамтои русаш қатли навраси 10-солаи тоҷик Қобилҷон Алиевро дар заминаи бегонаситезӣ дар Маскав маҳкум карда, аз мақомоти Русия хостааст, онро одилона таҳқиқ кунанд ва ҳар касеро, ки дар ин ҷиноят нақш дошт, ба ҷавобгарӣ бикашанд.

Аммо корбарони тоҷики шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯянд, ки суҳбат бо мақомдорони рус ва супоридани нота нокифоя буда, мақомоти Тоҷикистон бояд амалҳои ҷиддитареро барои такрор нашудани чунин ҳодисаҳо, ба мисли бозхондани сафири Тоҷикистон аз Русия ва рондани сафири Русия аз кишвар ва бастани пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон, анҷом диҳанд.

Мухолифон ҳам дар хориҷ аз кишвар кушта шудани хонандаи даҳсолаи тоҷикро дар Русия маҳкум карда, дар ин ҳодиса ҳукумати Тоҷикистон ва Русияро муқассир хондаанд. 

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар масири Душанбе–Чаноқ наздики 30 тарма фаромадааст

Дар натиҷаи бориши барфи зиёд ва фаромадани тармаҳои пай дар пай роҳи Душанбе–Чаноқ муваққатан баста шуд.

Тағйироти кадрӣ ва сохторӣ дар ПМТ

Паймони Миллии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе аз тағйироти кадрӣ ва сохторӣ дар дохили ин эътилоф хабар додааст.

Шиканҷагаронро ба ҷавобгарӣ мекашанд?

Додситонии шаҳри Душанбе пас аз марги мармузи Мақсудҷон Саидов, бар зидди ду корманди милисаи пойтахт парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Пулиси Душанбе аз муноқишаи эҳтимолии ноболиғон пешгирӣ кард

Пулиси шаҳри Душанбе аз сар задани муноқишаи эҳтимолии як гурӯҳ ноболиғон пешгирӣ кардааст.