21.9 C
Dushanbe

Арманистон ду зодаи Язгуломро ба Тоҷикистон супурд

Мақомоти Арманистон ду зодаи Язгуломи ноҳияи Ванҷро, ки қаблан боздошт карда буд, ба Тоҷикистон супурдааст.

Бино ба иттилои расонаҳо, яке аз онҳо моҳи августи соли 2025 ва дигаре моҳи феврали соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти Арманистон дастгир шуда будаанд.

Ин ду нафар дар Тоҷикистон ба “зархаридӣ”, “ташкили иттиҳоди ҷиноӣ” ва “қочоқи маводи мухаддир” гумонбар мебошанд, иттиҳомоте, ки наздиконашон онро рад мекунанд.

Гуфта мешавад, ин шаҳрвандони Тоҷикистон ҳафтаи гузашта бо роҳи заминӣ ба Душанбе фиристода шуданд. Ин ҳам дар ҳолест, ки Арманистон қасд дошта онҳоро бо ҳавопаймо интиқол диҳад, аммо ба сабаби муноқишаи боздоштшудагон бо намояндагони Тоҷикистон дар фурудгоҳ, ин раванд ба таъхир афтодааст.

Яке аз онҳо Муҳаммад Нуралиев ном дошта, қаблан дар Душанбе зиндагӣ мекардааст. Наздиконаш ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки Нуралиев ҳоло дар боздоштгоҳи Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил дар пойтахт нигоҳ дошта мешавад ва ӯро то ҳол надидаанд.

Пештар вакилони Маркази кумаки ҳуқуқӣ дар Ереван изҳор дошта буданд, ки аз сарнавишти ин ду нафар иттилоъ надоранд ва аз эҳтимоли супурдани онҳо ба Тоҷикистон нигарон ҳастанд. Ба гуфтаи онҳо, дар Тоҷикистон ин нафарро хатари шиканҷа, муносибати бераҳмона ва ҳукмҳои тӯлонии зиндон таҳдид мекунад.

Дар як соли охир дар марзи Арманистон панҷ шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шудаанд. Аз онҳо ду нафар ба Душанбе супурда шуда, се нафари дигар озод гардидаанд. Дар миёни озодшудагон Бобосуфи Рауфӣ, писари рӯзноманигори шинохтаи тоҷик Зафар Суфӣ, Исмоил Холов, узви “Гурӯҳи 24” ва корманди собиқи ОМОН-и ВКД-и Тоҷикистон Асомуддин Раҷабови 46-сола, ки бо дархости Душанбе дар марз бо Гурҷистон боздошт шуда буд, мебошанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Худкушии як зодаи Тоҷикистон дар боздоштгоҳи “Матросская тишина”

Яке аз маҳкумшудагон дар парвандаи ҳамлаи террористӣ ба "Крокус Сити Холл" дар боздоштгоҳи тафтишотии "Матросская тишина"-и Маскав худкушӣ кардааст.

Баргузории “Рӯзи ҷаҳонии тандурустӣ” дар Тоҷикистон

Рӯзи 6-уми апрел дар Тоҷикистон вобаста ба "Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ" ҳамоиши солимгардонӣ ва муоинаҳои ройгони тиббӣ оғоз гардид.

Оташбас ё ҷанг? Музокироти Амрико ва Эрон вориди марҳилаи нав мешавад

Музокирот миёни Эрон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои барқарор кардани оташбас ва таваққуфи ҷанг вориди марҳилаи нав шудааст.

Покистону Тоҷикистон ҳамкориҳои ҳуқуқиро тақвият мекунанд

Покистону Тоҷикистон тасмим доранд ҳамкориҳои дуҷонибаро дар бахшҳои ҳуқуқӣ ва қазоӣ густариш диҳанд.