Қарзи ширкати “Барқи тоҷик” аз 3,5 миллиард ҳам гузашт

Қарзи ширкати саҳҳомии “Барқи тоҷик” аз Нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда-1” танҳо дар 9 моҳи соли ҷорӣ беш аз ним миллиард сомонӣ афзоиш ёфтааст.

Тавре “Авеста” хабар додааст, маблағи қарзи ин ширкати барқрасони кишвар аз моҳи январ то сентябри соли ҷорӣ беш аз 543 миллион сомониро ташкил дод. Акнун ҳаҷми умумии қарзи ин ширкат аз НБО-и “Сангтӯда-1” то моҳи сентябр ба 3 миллиарду 530 миллион сомонӣ расидааст.

Ба гуфтаи намояндагони НБО-и “Сангтӯда-1”, аз аввали соли 2024 ширкати “Барқи тоҷик” ҳамагӣ 32 дарсади арзиши нерӯи барқро пардохт кардааст. Аммо сарфи назар аз кам пардохт шудани қарз, НБО “Сангтӯда-1” таъмини устувори нерӯи барқро идома дода, тамоми корҳои фаннӣ барои фаъолияти бефосилаи нерӯгоҳро анҷом медиҳад.

Гуфта мешавад, ширкати “Барқи тоҷик” яке аз фасодзадатарин ва қарздортарин ширкатҳои кишвар ба шумор рафта, то солҳои гузашта қарзи он дар назди Вазорат молия 22 миллиард сомонӣ буд. Аммо соли 2020 Ҳукумат дар чорчӯби Барномаи беҳбуд бахшидан ба вазъи молии ширкати “Барқи тоҷик” 5 миллиард сомонии онро бахшида буд. Ва барои ин ширкат то 2025 муҳлат дод то вазъи молияшро беҳтар кунад ва қарзҳояшро ҳам аз Ҳукумат ва ҳам аз нерӯгоҳҳои барқӣ кам кунад.

Ин ширкат дар соли 2021 аз НБО “Сангтӯда – 1”, 1 миллиарду 595 миллион сомонӣ ва аз “Сангтӯда – 2” 123 миллион сомонӣ қарздор буд. Вале бо вуҷуди додани имтиёзҳо имсол ин қарз на кам, балки боз ҳам бештар шуда, акнун аз 3,5 миллард ҳам гузашт.

Ширкати “Барқи тоҷик” солҳост, ки дар буҳрони қарзӣ гирифтор шудааст. Масъулони ширкат ин гирифториҳои молии худро ба пардохт нашудани маблағи нерӯи барқ аз ҷониби сокинон медонанд. Аммо аҳолии кишвар ҳамеша маблағи барқро сари вақт пардохт мекунанд ва бо вуҷуди он солҳост аз норасоии нерӯи барқ ранҷ мебаранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

ВКД фолбинҳо, фоҳишаҳо ва мизоҷони онҳоро низ ба қайд мегирад

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълон кард, ки фолбинҳо, мизоҷон ва наздикони онҳоро ба махзани махсус ворид карда, зери назорати доимӣ қарор медиҳад.

Ду нафар дар Душанбе бо гумони истеҳсол ва паҳн кардани доруҳои қалбакӣ боздошт шуданд

Мақомоти Тоҷикистон аз боздошти ду нафар бо гумони истеҳсол ва ба муомилот баровардани доруҳои қалбакӣ дар Душанбе хабар доданд.

Ҳафт кӯдаки бепарастори тоҷикро аз Русия ва Ватан баргардонданд

Ҳафт кӯдаки тоҷик, ки дар Русия бепарастор монда буданд, 18-уми октябри соли 2026 ба Тоҷикистон баргардонда шуданд.

Роҳи Душанбе–Шарора–Ҳисор таъмир шуд, аммо аз ҳисоби кӣ?

Мақомоти Ҳисор аз анҷоми мумфаршкунии роҳи Душанбе–Шарора–Ҳисор хабар доданд. Дар таъмири ин роҳи ҷумҳуриявӣ соҳибкорон ва сокинон низ саҳм гузоштаанд, аммо чӣ қадар маблағ ҷамъоварӣ шуд, маълум нест.