Ҷашни Истиқлол дар Маскав. Чароғи сабзи Путин ба интиқоли қудрат дар Тоҷикистон?

Бино ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар Маскав, рӯзи 9-уми сентябр ба муносибати 34-умин солгарди Истиқлол парчами кишвар дар биноҳои баландошёна ва фурӯдгоҳҳои Домодедово ва Внуковои Русия намоиш дода мешавад.

Мақомоти Тоҷикистон ин тасмими мақомоти Русияро баёнгари “муносибатҳои неки дипломатӣ байни ду кишвар” арзёбӣ мекунанд. Аммо таҳлилгарони рус инро як тасмими оддӣ ва тасодуфӣ намедонанд, балки, ба гуфтаи онҳо, ин як паёми дипломатие аст, ки дар бораи як воқеаи муҳими торихӣ пешгӯӣ мекунад.

Рӯзномаи русии “Независимая” бо нашри матлабе дар ин бора мегӯяд, намоиш додани парчами Тоҷикистон дар Маскав бедалил нест. Чун ин иқдоми Русия ба таври махсус дар ҳоле сурат мегирад, ки кишварҳои Қирғизистон (31-уми август) ва Узбекистон (1-уми сентябр) 34-солагии Истиқлоли худро ҷашн гирифтанд, бидуни ин ки парчамҳои онҳо дар шаҳрҳо ва фурӯдгоҳҳои Маскав барафрошта шавад.

Ба иттилои манбаъ, интизор меравад, ки 10-уми октябри соли ҷорӣ дар ҷараёни сафари роҳбари Русия Владимир Путин ба Душанбе, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эълон кунад, ки кишвараш ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) мепайвандад, ки ин ба марҳалаи наве дар равобити ду кишвар ва ҳамгироии минтақавӣ табдил хоҳад ёфт.

Ин дар ҳолест, ки қаблан мақомоти тоҷик гуфта буданд, ИИАО ба манфиатҳои миллӣ ҷавобгӯ нест. Аммо эҳтимол меравад, дар ин росто бознигарии арзишҳо сурат гирифтааст. Чун дар аввали августи соли ҷорӣ гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис ёфт, ки аз намояндагони Вазорати иқтисод, Вазорати адлия, гумрук ва Кумитаи андози Тоҷикистон иборат буд. Ба масъулон дастур дода шуда буд, ки вазъиятро бо назардошти ҳолати иқтисоди ҷаҳонӣ, шиддатёбии вазъияти геополитикӣ дар ҷаҳон ва дигар омилҳои беруна ҳамаҷониба таҳлил кунанд. Дар ин бора вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе хабар дода буд.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, агар аз як сӯ, ин иқдом баёнгари тамоюли наздикшавии Тоҷикистон ба Русия дар чорчӯби пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бошад, аз сӯи дигар қазияи интиқоли қудрат аз падар ба писар низ дар роҳ аст.

Тавре медонем, Рустами Эмомалӣ, писари раисҷумҳури Тоҷикистон ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар 30-юми майи соли ҷорӣ дар Кремл бо Владимир Путин мулоқот кард. Ҷонибҳо дар ин мулоқот масоили гуногуни байни ду кишварро баррасӣ карданд.

Коршиносони соҳа бар ин назаранд, ки Эмомалӣ Раҳмон масъалаи воридшавии Тоҷикистон ба ИИАО-ро ҷиддӣ баррасӣ кардааст ва эҳтимол ӯ бар ивази пуштибонии ғайрирасмии роҳбарияти Русия ва таъмини амнияту субот ҳангоми интиқоли қудрат ин тасмимро гирифта бошад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷангҳо бар зидди Украина ва Эрон нархи сӯзишвориро дар Тоҷикистон гаронтар карданд

Ҷанги Русия алайҳи Украина аз як сӯ ва танишҳои Амрикову Эрон аз сӯи дигар ба бозори дохилии сӯзишвории Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ расондааст.

Бунёди роҳҳо бо қарз: Тоҷикистон барои бозсозии роҳ дар ВМКБ боз $30 млн қарз гирифт

Тоҷикистон барои бозсозии роҳи Рӯшон — Варзеш дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарзи нав ҷалб мекунад.

Нигаронии Душанбе ва Маскав аз вазъи Афғонистон

Русия ба Тоҷикистон дар робита ба авзои ахири амниятӣ дар Афғонистон ва инчунин бораи таъмини амнияти марзҳо итминон дод.

Истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои ноболиғон дар Тоҷикистон маҳдуд мешавад?

Эмомалӣ Раҳмон бо нигаронӣ аз афзоиши истифодаи телефонҳои ҳушманд ва шабакаҳои иҷтимоӣ миёни ноболиғон пешниҳод кард, ки ин масъаларо мақомот баррасӣ кунанд.