Кушта шудани як варзишгари тоҷик

Шаби 10 ба 11-уми январи соли 2026 варзишгари 19-солаи тоҷик Муҳаммадалӣ Саъдуллоев дар як муноқиша кушта шудааст. Дар бораи маҳалли дақиқи рух додани ҳодиса то ҳол маълумоти расмӣ вуҷуд надорад.

Ба иттилои блогери муқими Амрико Сироҷов Шаҳром, маъруф ба “Шаҳромак Америка”, ки бо истинод ба наздикони ин варзишгар хабар додааст, ҳодиса дар ҷараёни муноқиша миёни ҷавонон дар яке аз марказҳои бозиҳои компютерӣ рух додааст. Ба гуфтаи ӯ, Муҳаммадалӣ бар асари зарби корд ҷароҳати вазнин бардошта, ба ҳалокат расидааст.

Сироҷов Шаҳром дар як навор изҳор доштааст, ки ҳодиса дар шаҳри Душанбе рух додааст. Аммо дертар бо нашри навори дигар гуфт, ки ин воқеа на дар Душанбе, балки дар шаҳри Кӯлоб сурат гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол Федератсияи муҳорибаҳои омехтаи Тоҷикистон рух додани ҳодисаро ба хабаргузории “Азия-Плюс” тасдиқ кардааст. Аммо намояндагони ин ниҳод маҳалли дақиқи ҳодисаро зикр накардаанд. Онҳо танҳо гуфтаанд, ки ҷасади Муҳаммадалӣ Саъдуллоев ба шаҳри Кӯлоб интиқол дода шудааст.

Ҳамзамон, дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори дурбинҳои мадорбастаи маркази бозиҳои компютерӣ паҳн гардидааст. Дар ин навор дида мешавад, ки тақрибан нуҳ наврас бо ҳамдигар муноқиша доранд. Муноқиша чанд сония идома карда, сипас мушоҳида мешавад, ки яке аз наврасон ба замин меафтад. Мақомот то ҳол аслияти навор ва иртиботи онро бо ин ҳодиса расман шарҳ надодаанд.

Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб кӯтоҳ ба “Азия-Плюс” гуфтааст, ки чунин ҳодиса дар қаламрави ин шаҳр ба қайд гирифта нашудааст. Аз Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон изҳор доштаанд, ки дертар дар ин бора шарҳи расмӣ медиҳанд. Аз идораи пулиси пойтахт ва ВКД Тоҷикистон то ин лаҳза ба зангҳои пайвастаи рӯзноманигорон посух надодаанд.

Ба ҳамин далел, сабаби ихтилоф дар бораи маҳалли рух додани ҳодиса то ҳол номаълум боқӣ мемонад.

Муҳаммадалӣ Саъдуллоев дар риштаи муҳорибаҳои омехта тамрин мекард вв яке аз наврасони умедбахши варзиши тоҷик ба ҳисоб мерафт. Ӯ се маротиба қаҳрамони Тоҷикистон, аз ҷумла қаҳрамони соли 2024 буд. Дар соли 2025 дар корномаи варзишии худ 8 ғалаба дар рақобатҳои касбӣ сабт карда буд. Инчунин ӯ барои иштирок дар мусобиқаи байналмилалӣ Муҳорибаҳои омехта ба шаҳри Абудабии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ сафар намуда, дар он мусобиқа сазовори ҷои аввал гардида буд.

Занозанӣ ва муноқиша дар миёни наврасон ва ҷавонон, бахусус хонандагони мактаб, бори аввал нест, ки расонаӣ мешавад. Мақомот ва воситаҳои ахбори омма борҳо аз занозаниҳои гурӯҳӣ миёни хонандагони муассисаҳои таълимӣ гузориш додаанд, ки дар бисёр ҳолатҳо ба марг анҷомидааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тамдиди мораторияи санҷиши соҳибкорон то соли 2029

Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки санҷиши фаъолияти соҳибкорони хурду миёна то 1-уми январи соли 2029 маҳдуд карда шавад.

Трамп: Ҷанг бо Эрон ба зудӣ поён меёбад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, мегӯяд, ҷанг бо Эрон ба зудӣ поён меёбад, аммо муҳлати мушаххасеро эълон накард.

Тоҷикистон ҳамлаҳои ҳусиҳо ба Арабистони Саудиро маҳкум кард

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот рӯзи 14-уми сентябр ҳамлаҳои ҳусиҳо ба зерсохторҳои Арабистони Саудиро маҳкум кард.

Идомаи таъқибу фишори Муҳаммад Султон пас аз озод шуданаш аз зиндон

Рӯзноманигори собиқи тоҷик ва полковники мустаъфӣ Мамадсултон Мавлоназаров, аз идомаи таъқибу фишор пас аз озод шуданаш аз зиндон хабар дод.