27.9 C
Dushanbe

Аввалин ҳиндитабор сарвазири Бритониё шуд

Дар интихобот барои раёсати Ҳизби муҳофизакорони Бритониё Риши Сунак, яке ҳиндитаборони ин кишвар раҳбари он интихоб шуд ва акнун ӯ аввалин шахси осиёитаборест, ки нахуствазири Бритониё мешавад.

Бо раҳбари Ҳизби муҳофизакорон интихоб шудани Риши Сунаки 42-сола, инак дар давоми камтар аз 4 моҳ ӯ нафари сеюм аст, ки нахуствазири Бритониё интихоб мешавад. Ва пеш аз ӯ Борис Ҷонсон ва Лиз Трасс аз мақоми нахуствазирии Бритониё истеъфо доданд.

Қарор аст шоҳи Бритониё Чарлзи III Риши Сунакро ба унвони унвони 57-умин нахуствазири ин кишвар баргузинад. Ва ӯ дар ин мақом ҷавонтарин нахуствазир дар таърихи муосири Бритониё дониста мешавад.

Гуфта мешавад, Риши Сунак аз падару модари ҳиндутабори муҳоҷир соли 1980 дар Бритониё ба дунё омадааст. Волидайни ӯ даҳаи шасти асри гузашта аз Шарқи Африқо, Киния ва Танзания ба Бритониё ҳиҷрат кардаанд.

Сунак бо дороии 730 миллион фунт стерлинг (беш аз 824 миллион доллари амрикоӣ) 222-умин сарватмандтарин шахси Бритониё маҳсуб мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Нишастҳои матбуотии вазоратхонаҳо шурӯъ мешавад.

Қарор аст, шурӯъ аз 21-уми июли соли ҷорӣ нишастҳои...

Баргузории нишасти навбатии ҲНИТ

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бо баргузории як нишасти худ...

Норасоии оби ошомиданӣ дар Тоҷикистон

Бархе сокинони шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон мегӯянд, ки ҳукумати...

Русияву Чин вазъи ҷанг дар Украинаро баррасӣ карданд

Вазирони корҳои хориҷии Русия ва Чин дар рафти мулоқоти...