27.9 C
Dushanbe

Нахуствазири Бритониё пас аз 45 рӯзи корӣ аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои расонаҳои Бритониё, Нахуствазири ин кишвар Лиз Трасс имрӯз, 20-уми октябр, пас аз 45 рӯзи нахуствазирӣ эълом дошта, ки аз мақомаш истеъфо медиҳад.

Гуфта мешавад, хонум Лиз ба шоҳи Бритониё Чарлзи III хабар дода, ки дар ин вазъияти феълӣ барояш идораи давлат душвор аст ва тасмим гирифта, ки аз мақомаш истеъфо диҳад.

Хонум Лиз имрӯз дар ҳузури хабарнигорон гуфт: “эътироф мекунам, ки дар вазъияти кунунӣ ман наметавонам ба он вазифаҳое, ки аз ҷониби Ҳизби муҳофизакорон муваззаф шудаам ва барои анҷоми онҳо интихобам кардаанд, аз уҳдааш бароям ва ба ин хотир истеъфо медиҳам”.

Ба гуфтаи коршиносон, интихоби Лиз Трасс ҳамчун Сарвазири Бритонё ба замоне рост омад, ки ин кишвар сахтарин шароити таваррум ва рукуди иқтисодиро дар 40 соли гузашта таҷриба мекунад.

Лиз Трасси 47-сола дар ҳоле аз мақоми нахуствазирии Бритониё истеъфо медиҳад, ки ҳанӯз ба ин мақом расидани ӯро ду моҳ ҳам нагузаштааст. Ӯ 5-уми сентябри соли ҷорӣ бо иттифоқи аксари орои Ҳизби муҳофизакорони Бритния раҳбари ҳукумати ин кишвар интихоб шуда буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳузури 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар ҷанги Русия бар зидди Украина

Беш аз 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар сафи артиши Русия қарор гирифта, бар зидди Украина меҷанганд.

Аввалин мулоқоти расмии вазирони хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон пас аз ҳалли мушкилоти марзӣ

Вазир корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои қирғизии худ дар шаҳри Бишкек мулоқот кард.

Қатъи нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар рӯзҳои гарми тобистон

Дар ин тобистони гармӣ сокинон аз гӯшаву канори кишвар аз маҳдудияти барқ дар кишвар шикоят доранд.

Дар Русия ҳафт навъи пардохти давлатии иловагӣ барои муҳоҷирон ҷорӣ мешавад

Вазорати молияи Русия лоиҳаи қонунеро таҳия кардааст, ки бо қабули он кисаи бе ин ҳам холии муҳоҷирон дар ин кишвар холитар мешавад.