Густариши ҳамкориҳои Душанбеву Минск бо фарқи 40 баробарӣ

Дар ҳоле ки Душанбе кӯшиш дорад амнияти озуқавории худро таъмин созад ва манбаъҳои воридотро бнштару гуногун намояд, Минск бозори Тоҷикистонро ҳамчун яке аз нуқтаҳои муҳими фурӯши маҳсулоти кишоварзии худ дар Осиёи Марказӣ мебинад. Рӯзи 28 июл дар шаҳри Брест нишасти 19-уми Комиссияи байнихукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ шурӯъ шуд.

Ҳайати Тоҷикистонро дар ин сафар вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода раҳбарӣ мекунад. Вазирро гурӯҳи калони соҳибкорон ва раҳбари Палатаи савдо ва саноати кишоварзӣ Фарҳодшоҳ Раҳмонализода ҳамроҳӣ кардаанд.

Тибқи додаҳои мақомоти кишвар, нимсолаи аввали соли 2026 гардиши молу маҳсулот миёни ду кишвар 6,3% афзоиш ёфтааст. Аммо нуқтаи муҳим дар сохтори ин тиҷорат асимметрия ё нобаробарии шадид мебошад:

Тоҷикистон бо суръат ба маҳсулоти гӯштиву ширии Беларус вобаста мешавад. Дар 5 моҳи аввали соли 2026 воридоти маҳсулоти агросаноатии Беларус ба Тоҷикистон қариб 20% афзудааст.

Гӯшти гов ба моли рақами яки воридотӣ табдил гардидааст — қариб 1,95 ҳазор тонна ба маблағи 10,9 млн доллар (афзоиш 22,2%).

Шакар: 10,91 ҳазор тонна ба маблағи 10,64 млн доллар.

Гӯшти парранда ва консерваҳо: 1,17 ҳазор тонна ба маблағи 4,73 млн доллар (афзоиш беш аз 54%).

Ширу қаймоқи пайваста (сгущенка): Воридоти он беш аз 2,5 баробар афзоиш ёфта, ба 2,79 млн доллар расидааст.

Дар ҳамин давра Тоҷикистон ба Беларус содироти рамзӣ доштааст: ҳамагӣ ба маблағи 712 ҳазор доллар. Қариб 85 даосади ин содиротро танҳо меваҷоти хушк (зардолу, шафтолу, себи хушк ва чормағз) ташкил медиҳад. Фарқи содироту воридоти Тоҷикистон бо Белорус 40 баробар (!) ба нафъи Белорус аст.  
 

Соҳибкорони тоҷик ва мақомот эътироф мекунанд, ки имкониятҳои содиротии Тоҷикистон дар бозори Беларус то ҳол пурра истифода намешаванд.

Нишасти кунунӣ дар Брест идомаи мантиқии форум ва нишасти 18-ум аст, ки сентябри соли 2025 дар Душанбе гузашта буд (он замон ширкатҳои беларуссӣ қарордодҳо ба маблағи беш аз 16 млн доллар баста буданд).

Дар мулоқоти ҷорӣ тарафҳо масъалаҳои зеринро ба миён гузоштаанд:

  1. Имзои «Нақшаи роҳ» барои ҳамкорӣ дар соҳаи аграрӣ то соли 2031, ки ҳадафаш на танҳо хариду фурӯш, балки эҷоди корхонаҳои муштарак ва кооператсияи саноатӣ мебошад;
  2. Густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои дигар: Номгӯи музокирот соҳаҳои нақлиёт, сохтмон, маориф, тиб ва сармоягузориро фаро мегирад.

Зоҳиран, Душанбе мехоҳад бо истифода аз афзоиши хариди озуқаворӣ аз Минск, ҷониби Беларусро барои сармоягузорӣ ба коркарди ашёи хом ва эҷоди истеҳсолоти муштарак дар дохили Тоҷикистон тарғиб кунад, то вазни содиротии худро дар оянда беҳтар созад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Wildberries, қарзи бонк ва тоҷики ҳалолкор

Зарбаҳои Укроин ба амборҳои бузургтарин бозоргоҳи (маркетплейс) Русия идома...

Дороиҳои миллиардии як зодаи Тоҷикистон

Фарзандони вакили Думаи давлатии Русия аз ҳизби ҳокими “Единая Россия” ва зодаи Тоҷикистон Раҳим Азимов соҳиби амволи гаронарзише мебошанд, ки арзиши умумии онҳо тақрибан ба 2 миллиард рубл мерасад. 

Бедарак шудани се духтари афғон дар Варшава

Дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон (Полша) се хоҳар, ки узви як хонавода ва зодаи Афғонистон ҳастанд, як ҳафта боз нопадид шудаанд. 

Муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия 18% коҳиш ёфта аст

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор ба Русия сафар кардаанд, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 дарсад кам шудааст.