Аз саргирии муносибатҳои иқтисодӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон

Сарвазири Қирғизистон Одилбек Қосималиев 4-уми март бо сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шуд ва бо сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот кард.

Зимни мулоқот ҷонибҳо дар мавриди беҳтаркунии равобити дуҷонибаи дипломатӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ гуфтугӯ карданд.

Гуфта мешавад, инчунин мавзуҳои дигари ин мулоқот барқароркунии парвозҳои мустақим байни ду кишвар, вусъатбахшии ҳамкориҳои тиҷорӣ, равобити иқтисодӣ, энергетика ва ҳамлу нақл будааст.

Ҷонибҳо таъкид карданд, ки чашмандози гардиши молии байни ин ду кишвар то соли 2030 ба 500 миллион доллар мерасонанд.

Сомонаи Девони вазирони Қирғизистон рӯзи 4-уми март хабар дод, ки Қосималиев дар раванди суҳбатҳояш гуфтааст: “Таъкид мекунам, ки Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон ба идомаи ҳамкории муштарак бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушд додани муносибатҳои дуҷониба ва мушоракатҳои иқтисодӣ устувор аст.”

Яке аз масъалаҳои муҳимме, ки дар ин мулоқот ҷонибҳо баррасӣ карданд, ин аз саргирии парвозҳои мустақими байни ду кишвар буд. Ин масъала дар гузориши Девони вазирони Қирғизистон чунин омадааст: “Ҳарду ҷониб зарурати аз нав барқарор кардани парвозҳои мустақими байни Қирғизистону Тоҷикистонро омили муҳимми густариши равобити дуҷониба арзёбӣ кардаанд.” Аммо гуфта нашудааст, ки парвозҳо кай аз сар гирифта мешаванд.

Ҳамчунин раванди омодагии ташкили нишасти сеҷонибаи раисҷумҳурони Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон дар ҷараёни ин ҷаласа баррасӣ гардида аст, ки қарор аст 31-уми марти соли ҷорӣ дар Хуҷанд баргузор шавад.

Ёдовар мешавем, ки равобити Тоҷикистону Қирғизистон дар солҳои ахир ба далели муноқишаҳои марзӣ тира гашта буд ва барои рафту омад ва будубоши шаҳрвандон маҳдудиятҳое байни кишварҳо ҷорӣ гардида буд.

Ҷонибҳо пас муноқишаҳои зиёд вориди музокирот ва гуфтугӯҳо шуданд ва ахиран 21-уми феврали соли 2025 дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон созишномаи ниҳоии таъйини хатти марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба имзо расид.

Ахиран дар парлумони Қирғизистон ҷузъиёти созишномаи таъйиноти марзӣ аз ҷониби раиси Кумитаи давлатии амниятии миллии ин кишвар Қамчибек Тошиев шарҳ дода шуд. Аммо ҷониби Тоҷикистон то ҳол дар бораи ҷузъиёти созишнома изҳори назар накардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳафт кӯдаки бепарастори тоҷикро аз Русия ва Ватан баргардонданд

Ҳафт кӯдаки тоҷик, ки дар Русия бепарастор монда буданд, 18-уми октябри соли 2026 ба Тоҷикистон баргардонда шуданд.

Роҳи Душанбе–Шарора–Ҳисор таъмир шуд, аммо аз ҳисобӣ кӣ?

Мақомоти Ҳисор аз анҷоми мумфаршкунии роҳи Душанбе–Шарора–Ҳисор хабар доданд. Дар таъмири ин роҳи ҷумҳуриявӣ соҳибкорон ва сокинон низ саҳм гузоштаанд, аммо чӣ қадар маблағ ҷамъоварӣ шуд, маълум нест.

Ихроҷи чанд донишҷӯ барои иштирок накардан дар “маршировка”

Чанд донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба хотири иштирок накардан дар "маршировка" аз донишгоҳ ихроҷ шуданд.

Чин хостори густариши ҳамкориҳои амниятӣ ва иқтисодӣ бо Тоҷикистон аст

Сарвазири Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Чян рӯзи душанбе бо раисҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидор кард.