Рӯзи 29-уми июн комиссияи интизомии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар дод ,ки ҳафт паҳлавони маъруфи кишварро барои муҳлати чор моҳ аз иштирок дар ҳамаи мусобиқаҳо маҳрум кардааст.
Ба иттилои Федератсия, ин қарор нисбати Сомон Маҳмадбеков, Темур Раҳимов, Обид Ҷебов, Абдуллоҳи Ориф, Умедҷон Раҷабов, Виктория Киселёва ва Александра Кан қабул шудааст.
Гуфта мешавад, сабаби чунин тасмим вайрон кардани интизоми касбӣ, сарпечӣ ва ҳозир нашудан ба се давраи ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи мунтахаб будааст. Ин ҷамъомадҳо барои омодагӣ ба Бозиҳои Осиё дар Ҷопон ва Қаҳрамонии ҷаҳон дар Боку баргузор мешуданд.
Федератсия мегӯяд, бо вуҷуди чандин даъват ба варзишгарон ва мураббиёни онҳо барои иштирок дар тамринҳо, аз ҷониби онҳо ҳамкорӣ сурат нагирифтааст. Ҳамчунин, ба гуфтаи ин ниҳод, варзишгарон нақшаи расмии омодагии дастаи мунтахабро риоя накардаанд.
Қарори маҳрумият, ба гуфтаи Федератсия, бо мувофиқаи ҳайати мураббиёни дастаи мунтахаб қабул гардида, натиҷаҳо ва унвонҳои варзишгарон дар қабули он таъсир нагузоштаанд.
Дар миёни маҳрумшудагон аз маъруфтарин ҷудокорони кишвар қарор доранд. Аз ҷумла, Темур Раҳимов ва Сомон Маҳмадбеков барандагони медалҳои биринҷии Бозиҳои олимпии Париж-2024 мебошанд. Дигар варзишгарони маҳрумшуда низ соҳиби медалҳои қаҳрамонии ҷаҳон ва Осиё, мусобиқаҳои «Grand Slam», «Grand Prix», Бозиҳои осиёӣ ва Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ мебошанд.
То ҳол назари худи варзишгарон ва сабаби иштирок накардани онҳо дар ҷамъомадҳои тамринӣ маълум нест.
Дар ҳамин ҳол, қарори Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ баҳсҳоро ба вуҷуд овардааст. Аз ҷумла, корбари Фейсбук Али Ализод аз ин тасмим интиқод карда, навиштааст, ки ҳарчанд сармураббии нави даста Ироклий Узнадзе мутахассиси соҳибтаҷриба аст, аммо натиҷаҳои фаъолияти ӯ бо тими миллии Туркия он қадар назаррас набуданд, ки чунин тағйироти ҷиддиро асоснок кунанд.
Ба андешаи Ализод, сармураббии нав пеш аз он ки бо даста ба натиҷаҳои мушаххас ноил шавад, кӯшиш дорад ҳамаи ҷудокорони пешсафро ба низоми ягонаи худ мутобиқ созад ва аз онҳо бихоҳад аз омодагии инфиродӣ ва мураббиёни шахсиашон даст кашанд.
Ӯ бар ин назар аст, ки чунин муносибат нисбат ба варзишгароне, ки аллакай медалҳои олимпӣ ва ҷаҳонӣ ба даст овардаанд, метавонад ба натиҷаҳои даста таъсири манфӣ расонад. Ба гуфтаи ӯ, ситораҳои маъруфи дзюдои ҷаҳон, аз ҷумла Тедди Ринер ва Сёҳей Оно, низ солҳои зиёд бо барномаҳои инфиродӣ омодагӣ дидаанд ва ин ба дастовардҳои онҳо халал нарасондааст.
Ализода ҳамчунин таъкид кардааст, ки Сомон Маҳмадбеков, Темур Раҳимов, Обид Ҷебов ва дигар ҷудокорон маҳз бо усули омодагии солҳои охир ба натиҷаҳои назаррас расидаанд. Ӯ аз роҳбарияти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон даъват кардааст, ки бо варзишгарон ба созиш расида, онҳоро ба ҳайати дастаи миллӣ баргардонад.
Ба гуфтаи ӯ, маҳз ин паҳлавонон солҳои охир Тоҷикистонро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ муаррифӣ карда, соҳиби медалҳои арзишманд шудаанд ва бе иштироки онҳо натиҷаҳои даста метавонанд заифтар гарданд.
Роҳбарии Федератсияи ҷудои Тоҷикистонро Исмоил Маҳмадзоир, набераи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ба уҳда дорад.
