Баҳси бесобиқа дар футбол: Ҷоми ҷаҳон ё Инфантино?

Иттиҳоди ассотсиатсияҳои футболи Аврупо (УЕФА) ва ҳамаи 55 федератсияи миллии узви он ба таври якдилона зидди пешниҳоди ҷалби сармоягузорони хусусӣ ба Ҷоми ҷаҳон ва дигар мусобиқаҳои ФИФА баромаданд. Пас аз УЕФА КОНКАКАФ (федерасюни футболи кишварҳои Амрикои Шимолӣ, Ҷанубӣ ва ҳавзаи Кариб) ва АФК (федерасюни футболи Осиё) низ якдилона алайҳи пружаи тиҷории Инфантино қиём карданд.

УЕФА дар изҳороте, ки рӯзи 31-уми июл нашр шуд, ҳушдор додааст, ки агар ин тарҳ пурра бозпас гирифта нашавад, дастаҳои миллии кишварҳои Аврупо метавонанд аз иштирок дар мусобиқаҳои таҳти сарпарастии ФИФА даст кашанд.

Дар ин изҳорот гуфта мешавад, ки Ҷоми ҷаҳон яке аз муҳимтарин меросҳои футболи ҷаҳонӣ буда, дар тӯли чандин насл аз ҷониби бозигарон, дастаҳои миллӣ ва мухлисон дар тамоми қитъаҳо бунёд шудааст.

“Ҷоми ҷаҳон маҳсулоти сармоягузорӣ нест. Он фурӯхта намешавад”, — таъкид кардааст УЕФА.

УЕФА ҳамчунин роҳбарияти ФИФА-ро муттаҳам кардааст, ки чунин пешниҳоди муҳимро пинҳонӣ таҳия намуда, бидуни машварати ҷиддӣ бо федератсияҳои миллӣ ва дигар ниҳодҳои масъули футбол, онро ба марҳилаи тасдиқ расондааст.

Ба гуфтаи намояндагони футболи Аврупо, ин амал на танҳо нишонаи заъфи роҳбарӣ, балки сарпечии ФИФА аз масъулияти худ ҳамчун ниҳоди асосии ҳомии футболи ҷаҳонӣ мебошад.

УЕФА мегӯяд, федератсияҳои миллӣ дар баробари як интихоби маҷбурӣ қарор дода шудаанд: ё ба хусусигардонии мусобиқаҳои бузургтарини футбол розӣ шаванд, ё бо паёмадҳои эҳтимолӣ рӯ ба рӯ гарданд.

Дар изҳорот чунин раванд “идоракунӣ тавассути фишор ва таҳдид” номида шуда, УЕФА изҳори нигаронӣ кардааст, ки пас аз соҳиб шудани сармоягузорони хусусӣ ба саҳм дар мусобиқаҳои ФИФА, манфиатҳои тиҷоратӣ метавонанд аз манфиатҳои варзиш болотар гузошта шаванд.

Ба назари УЕФА, дар чунин ҳолат сармоягузорон пайваста афзоиши даромади худро талаб мекунанд ва ин метавонад ба тасмимҳо дар бораи тақвими байналмилалӣ, шакли мусобиқаҳо ва ояндаи футбол таъсир расонад ва дар натиҷа, қарорҳо дигар на бар асоси манфиати футбол, бозигарон, бошгоҳҳо, лигаҳо ва мухлисон, балки бо ҳадафи қонеъ кардани саҳмдорон қабул хоҳанд шуд.

“Ҳеҷ кас ҳаққи маънавӣ надорад чизеро фурӯшад, ки танҳо барои ҳифз ва супоридан ба насли оянда ба ӯ бовар карда шудааст”, — гуфтааст УЕФА.

Пас аз баррасии ин масъала УЕФА ва ҳамаи 55 федератсияи миллии он эълон карданд, ки то замони пурра бозпас гирифта шудани пешниҳод, дастаҳои миллии Аврупо дар мусобиқаҳои ФИФА иштирок нахоҳанд кард.

УЕФА ҳамчунин талаб дорад, ки ФИФА кафолатҳои ҳатмии ҳуқуқӣ пешниҳод кунад ва дигар ҳеҷ гоҳ масъалаи додани саҳм аз идоракунӣ ё мусобиқаҳои худро ба сармоягузорони хусусӣ матраҳ насозад.

“Мавқеи Аврупо равшан аст. Мо ҳеҷ гоҳ ба чунин тарҳ қонуният намебахшем”,- таъкид шудааст дар изҳорот.

Мавқеи УЕФА-ро Конфедератсияи футболи Амрикои Шимолӣ, Марказӣ ва ҳавзаи Кариб — КОНКАКАФ низ дастгирӣ карда, Конфедератсияи футболи Осиё — АФК низ ба Аврупо ва Амрикои Шимолӣ пайвастааст.

Дар пасманзари баҳсҳо Карлос Кордейро, мушовири калони президенти ФИФА Ҷанни Инфантино, бо эътироз аз мақомаш истеъфо додааст. Ӯ пешниҳоди фурӯши саҳм дар Ҷоми ҷаҳонро “cозиши бад барои футбол” номидааст.

Дар ҳамин ҳол ФИФА иттиҳомҳо дар бораи фурӯши Ҷоми ҷаҳонро рад карда, таъкид кардааст, ки “Ҳеҷ кас футболро намефурӯшад. ФИФА ҳеҷ гоҳ чунин имконро баррасӣ намекунад”.

ФИФА ваъда додааст, ки машваратҳои «боз ва демократӣ»-ро бо федератсияҳои миллии узв идома медиҳад ва ба иддаои созмон, ҳанӯз тасмими ниҳоӣ қабул нашудааст ва ин пешниҳод бояд бо иштироки ҳамаи аъзои ФИФА баррасӣ шавад.

ФИФА гуфтааст, ки баҳси тарҳ бар асари «гузоришҳои нодурусти расонаҳо» халалдор шудааст ва машварат бо ҳамаи 211 федератсияи миллӣ идома хоҳад ёфт. Созмон таъкид кардааст, ки бидуни ризоияти ҳамаи аъзоён сохтори нави тиҷоратии “FIFA Forward Enterprise” таъсис дода намешавад.

Тибқи гузоришҳои расонаҳо, тарҳи мавриди баҳс таъсиси як сохтори тиҷоратии алоҳидаро пешбинӣ мекунад. Ин сохтор метавонад даромадҳо аз ҳуқуқи пахши телевизионӣ, сарпарастӣ, фурӯши чиптаҳо ва иҷозатномаи истифодаи номи мусобиқаҳои ФИФА-ро идора кунад.

Пешниҳод ҳамчунин ба сармоягузорони хусусӣ иҷоза медод, ки то 20 дарсади саҳмияҳои ширкати навро соҳиб шаванд. Аммо мухолифон мегӯянд, ҳатто саҳми ақаллият метавонад фишори тиҷоратиро ба қарорҳои варзишӣ бештар кунад.

Ин вазъ метавонад ҳамчунин боиси афзоиши теъдоди мусобиқаҳо ва бозиҳо, фишори бештар ба футболбозон ва тиҷоратикунонии тақвими байналмилалии футбол гардад.

Тибқи арзёбии аввалияи ФИФА, ин тарҳ метавонист то 4,2 миллиард доллар сармоя ҷалб кунад. Дар сурати тасдиқи он ҳар федератсияи миллӣ дар оғози соли 2027 якбора 20 миллион доллар мегирифт ва маблағгузории давраи баъдӣ низ аз 8 то 20 миллион доллар афзоиш меёфт.

Дар ҳамин ҳол, ин баҳсҳо мавқеи Ҷанни Инфантиноро дар ҷаҳони футбол низ заиф кардаанд. Созмони Football Supporters Europe бо шиори “Бозӣ тамом шуд, Ҷанни” истеъфои ӯро талаб кардааст. Ин дар ҳолест, ки ФИФА то 18 ноябр номзадҳоро барои интихоботи президентӣ қабул мекунад ва раъйдиҳӣ моҳи марти соли оянда дар Работ баргузор мешавад.

Баҳси нав ба яке аз ҷиддитарин муноқишаҳо миёни ФИФА ва конфедератсияҳои минтақавии футбол дар солҳои охир табдил ёфтааст. Дар сурати амалӣ шудани таҳдиди УЕФА, иштироки дастаҳои пешсафи Аврупо дар чемпионатҳои ояндаи ҷаҳон ва дигар мусобиқаҳои ФИФА зери суол хоҳад рафт.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чаро Русия ба муҳоҷирони Осиёи Марказӣ пушт гардонд?

Дар ҳоле, ки Русия шадидан ба қувваи корӣ ниёз...

Чин дар Душанбе корхонаи муосири коркарди партов месозад

Мақомоти Тоҷикистон раванди ҷалби сармоя ва технологияҳои чиниро барои...

Афзоиши норасоии ҷойҳои нишаст дар мактабҳо бо вуҷуди таъсиси 85000 ҷойи нави нишаст

Вазорати рушди иқтисод ҳамроҳ бо ҳукумати Тоҷикистон барои бештар...

Трамп аз пешниҳоди «Ҳайати сулҳ» хабар дод; Ҳамос ба халъи пурраи силоҳ розӣ шудааст?

Президенти Иёлоти Муттаҳида Доналд Трамп эълон кард, ки «Ҳайати...