32.9 C
Dushanbe

Баъди 6 моҳи хидмати ҳарбӣ ҷасади сарбозро ба хонаашон оварданд

Ҷасади сарбозеро, ки бо хоҳиши худаш ба хизмати ҳарбӣ рафта буд, субҳи 21-уми апрел кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Деваштич  ба наздиконаш супурданд. Ҷавон Раҷабалӣ Назаров ном дошта, сокини 19-солаи деҳаи Каҷровути ҷамоати Исмоили Сомонии ноҳияи Деваштич буд.

Мақомот сабаби марги сарбози ҷавонро дарди шадиди гурда ва аз кор мондани он гуфтаанд, аммо наздикони сарбоз чизи дигар мегӯянд.

Абдуҳафизи Ғойибназар, бародари Раҷабалӣ Назаров, рӯзи 21-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “соати 10:20 оварданд ва соати 11 шустему гӯрондем, зеро хуни зиёд дошт. Лабу биниаш кабуд ва чанд ҷояш зада буд. Қафои сараш дарида ва захми зиёд дошт.”

Ҳамчунин наздикони сарбоз мегӯянд, ки “агар гурдааш дард дошт, чаро лабу аъзои дигари баданаш кабуд буд?”

Абдуҳафиз ба Радиои Озодӣ гуфт, ки вақте Раҷабалиро ба хидмат бурданд, ягон беморӣ надошт. Дар идома ӯ мепурсад, ки агар додараш бемории гурда дошт, чӣ гуна ба хидмати ҳарбӣ қабул карданд?”

Раҷабалӣ Назаров тирамоҳи соли 2020 бо ихтиёри худ ба хидмати ҳарбӣ рафта буд. Ба гуфтаи наздиконаш, ӯ 6 моҳ дар қисми низомие дар ноҳияи Восеъ адои хидмат намуда, як ҳафта пеш ӯро ба ноҳияи Мурғоби ВМКБ бурда будаанд.

Падар ва як бародари Раҷабалӣ дар муҳоҷират дар Русия қарор доштаанд ва бо шунидани ин хабар ба Тоҷикистон омада истодаанд. Наздикони сарбоз ният доранд, барои таҳқиқи марги ӯ ба додситонӣ ва мақомоти зидахл шикоят баранд, аммо то куҷо ин қазия ҳалли худро пайдо мекунад касе чизе гуфта наметавонад.

Ҳамасола бо сабаби шиканҷаву барафторӣ дар қисмҳои низомӣ аз маъюб шудан ва ҳатто аз марги наваскарон хабарҳо нашр мешавад. Бино ба иттилои “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” аз соли 2015 то 2019 ҳудуди даҳ ҳолати марги сарбозон дар қисмҳои низомӣ ошкор шудааст ва аксари онҳо дар пайи бадрафторӣ ё азияти сарбозон рух додааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Шикояти вакилони дифоъи Хуршед Фозилов

Вакилони дифои рӯзноманигори зиндонӣ Хуршед Фозилов аз болои ҳукми Додгоҳи Панҷакент ба Додгоҳи вилояти Суғд шикоят бурдаанд.  

Латтукӯби муҳоҷирон ва ба маконҳои номаълум бурдани онҳо идома дорад

Чанд рӯзи ахир боздошт ва латтукӯби муҳоҷирон, бахусус муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ ва интизомии Русия бештар шудааст.

Рафту омад дар роҳи Душанбе-Хуҷанд маҳдуд шуд

Шуруъ аз имрӯз, 1-уми июни соли ҷорӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ барои рафту омади мошинҳо маҳдудият ҷорӣ шудааст.

Эълони ҳукми зиндони сарбозоне, ки наваскаронро латтукӯб карданд

Чанд сарбозе, ки дар як навор навсакаронро бераҳмона латтукӯб мекарданд, ҳамаи онҳо равонаи зиндон шуданд.