21.9 C
Dushanbe

Баргузории Конфронси амниятии Афғонистон дар Душанбе

Қарор аст тайи ду рӯзи оянда дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон як “нишасти амниятӣ” дар умури Афғонистон баргузор шавад.

Бино ба иттилои The Times of India“, қарор аст рӯзҳои 26-27-уми майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе як конфронси амниятӣ дар умури Афғонистон баргузор шавад. Аммо Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикитсон дар Душанбе то ҳол расман дар ин хабар надодааст.

Ба ин вуҷуд, ин рӯзномаи ҳиндустонӣ мегӯяд, интизор меравад, дар ин нишасти амниятӣ дар хусуси Афғонистон масоили вобаста ба буҳрони инсонӣ, мушкилоти амниятӣ, аз он ҷумла таҳдидҳои терроризми фаромарзӣ дар ин кишвар мавриди баррасӣ қарор бигиранд.

Иштирокчиёни ин нишасти Душанберо намояндаҳои кишварҳои Чину Русия, Покистону Ҳиндустон ва кишварҳои ҳавзаи Осиёи Марказӣ ташкил хоҳанд дод.

Аз замони дубора сари қудрати омадани Толибон дар Афғонистон пайваста ҳамсояҳои он ва кишварҳои минтақа дар нишастҳои дохилӣ ва минтақавии худ аз ҳузури Толибон дар раъси қудрат дар Афғонистон эҳсоси ноамнӣ намуда, аз тарзи ҳукуматдории он интиқод кардаанд. Аммо Толибон ҳам таъкид ба таъкид гуфтаанд, ки хатари таҳдидҳо аз хоки Афғонистон алайҳи ҳеч кишваре сурат нахоҳад гирифт.

Гуфта мешавад, 15-уми августи соли 2021 пас аз фирори Ашраф Ғанӣ, собиқ раисҷумҳури Афғонистон Толибон қудратро дар ин кишвар ба даст гирифтанд. Бо гузашти зиёда аз 9 моҳ то кунун ҳеч кишваре ҳукумати онҳоро ба расмият нашинохтааст ва ягон давлате ҳам эълон накардааст, ки дар моҳҳои наздик давлатдории онҳо дар Афғонистонро расман эътироф мекунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қатъи нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар рӯзҳои гарми тобистон

Дар ин тобистони гармӣ сокинон аз гӯшаву канори кишвар аз маҳдудияти барқ дар кишвар шикоят доранд.

Дар Русия ҳафт навъи пардохти давлатии иловагӣ барои муҳоҷирон ҷорӣ мешавад

Вазорати молияи Русия лоиҳаи қонунеро таҳия кардааст, ки бо қабули он кисаи бе ин ҳам холии муҳоҷирон дар ин кишвар холитар мешавад.

Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ба хотири дашноми пулис зиндонӣ шуд

Додгоҳи шаҳри Қурғани Русия як шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистонро барои "дашном" ва "зӯроварӣ нисбати корманди ҳифзи ҳуқуқ" маҳкум ба зиндон кард.

Ваҳдат ё ваҳшат?

Маросими таҷлил аз 28-умин солгарди ҷашни Рӯзи Ваҳдат бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор мешавад.