13.9 C
Dushanbe

Барқ гарон мешавад?

Бонки осиёии рушд ба Тоҷикистон 105 млн доллар барои насб намудани ҳисобкунакҳои ҳушманд кумак ҷудо кард. Дар ин бора “Парс тудэй” хабар дод. Бино ба навиштаи ин сомона Тоҷикистон бо ин маблағ то соли 2025 барномаи насби ҳисобкунаки ҳушманди барқро амалӣ мекунад.

Яке аз шартҳои асосии БОР барои ҷудо намудани 105 млн доллар, гарон намудани қимати барқ дар Тоҷикистон аст, ки бояд зина ба зина ҳамасола боло равад.

Бино ба гуфтаи манбаи “Парс тудэй”, дар марҳилаи аввал бо маблағи 50 млн доллар, 398 ҳазор дастгоҳи шуморишгари ҳушманди барқ дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Исфара, Истаравшан, Панҷакент, Бӯстон, Конибодом ва Данғара часпонида мешавад.

Бо насби ин шуморишгарҳои ҳушманд, муштариёни барқ муваззаф ҳастанд, ки дар аввали ҳар моҳ пули барқи масрафии худро пешпардохт намуда, ба ҳисоби ширкати “Барқи Тоҷик” ворез кунанд ва интиқоли барқ ба хонаҳо фақат бо доштани корти вижаи пардохти пули хадамот, имконпазир хоҳад буд.

Ҳамчунин агар муштариён сари вақт пули барқи масрафиро насупоранд, дар муддати 10 то 15 рӯз барқи шаҳрвандон қатъ карда мешавад.

Дар ҳоле аз гароншавии барқ сухан меравад, ки аҳолии Тоҷикистон аз набуди барқ ва гарон будани нархи он танқисӣ мекашанд. Вазъи молиявии “Барқи Тоҷик” ширкати монополисти давлатӣ дар бозори нирӯи барқ солҳост ногувор мемонад.

Дар оғози соли 2020 қарзи ширкат ба беш аз 26 миллиард сомонӣ (2 миллиарду 600 миллион доллар) расида буд.

Бонки Ҷаҳонӣ барои ба эътидол овардани вазъи молиявии ширкати “Барқи Тоҷик” 134 миллион доллар грант ё кумаки билоиваз дода буд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан таъкид шуда буд, ки дар бархе ҳолатҳо масъулини “Барқи тоҷик” нерӯи барқи дуздидашудаю талафёфтаро дар ҳисобҳо ҳамчун қарзи мардум пешниҳод мекарданд. Дар ҳоле, ки шаҳрвандон мегӯянд, мунтазам ҳаққи барқро пардохт мекунанд, масъулини “Барқи тоҷик” дар оморҳо қарзи мардумро садҳо миллион сомонӣ арзёбӣ мекунад.

Пештар Юсуф Раҳмон прокурори генералии Тоҷикистон зимни суханронияш дар Маҷлиси миллӣ гуфта буд, ки “Барқи Тоҷик” бо додани маълумоти бардурӯғ дар бораи истифодаи барқ бо ин роҳ миллионҳо сомониро аз худ мекунад.

Прокурори генералӣ дар идома иброз дошта буд, ки барои роҳ додан ба қонуншиканиҳо дар соҳаи барқ, 1014 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуда, нисбат ба гунаҳкорон 37 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 64,1 миллион сомонӣ барқарор карда шудааст.

Мақомот дар шарҳи сабабҳои боло бурдани нархи нерӯи барқ ҳамеша мегӯянд, ки ҳадаф аз ин иқдом аз вартаи қарздорӣ наҷот додани ширкати “Барқи Тоҷик” аст. Аммо иқтисоддонҳо мегӯянд, бо он низими фасодзадае, ки барқи тоҷик дорад боло бурдани нархи барқ барои ин ширкат фоидае надорад чун қисми бештари маблағи ҷамъшударо пулчинакҳо ба ҷайби худ мезнанд.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон моҳҳои ноябр-декабр шаҳрвандон аз ҷорӣ шудани лимити барқ шикоят карда мегуфтанд, ки барқ танҳо бо реҷаи муайянгардида рӯзона аз соати 7:30 то 17:30, шабона аз 22:30 то 5:00 сӯбҳ хомӯш карда мешавад.

Бо вуҷуди шикоятҳои пайдарпай ва сару садоҳои зиёди сокинон, “Барқи тоҷик” расман ҷорӣ гардидани лимитро тасддиқ накард ва ҳамеша намояндагони ин ширкат қатъ гардидани барқро вобаста ба корҳои таъмири истгоҳҳои барқӣ рабт медоданд.

Баъд аз шикояти пайдарпайи сокинон масъулони ширкати “Барқи тоҷик” расман рӯзи 10 декабри соли ҷорӣ аз мардуми кишвар барои қатъ гардидани барқ узр пурсида ва маҳдудиятро пурра бардоштанд.

Раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон сокинони кишварро ҳушдор дод, ки агар барқро сарфакорона истифода накунанд, зарурати ҷорӣ кардани лимит пеш меояд. Гарчанде, ки захираи имрӯзаи об басанда ҳам бошад.

Баъд аз суханронии Эмомалӣ Раҳмон Ширкати “Барқи тоҷик” расман аз 5 январи соли равон эълон кард, ки интиқоли барқ аз соати 23 то 6-и субҳ дар деҳаҳо қатъ мешавад.  

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.