28.9 C
Dushanbe

БАРОИ 30 ХОНАНДАИ МАКТАБ ЯК КИТОБИ ДАРСӢ, ЁБУ ГИР

Дар баъзе мактабҳои навоҳии вилояти Хатлон хонандагон аз набудани китобҳои дарсӣ танқисӣ мекашанд. Дар ин асри илму технология барои 30 донишомӯз як китоб мерасидааст. Намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар ин маврид чизе намегӯянд.

Бино ба иттилои сомонаи “Pressa.tj”, омӯзгорони мактабҳои ноҳияи Қубодиён гуфтаанд, дар мактабҳояшон китобҳои дарсӣ надоранд ва аз сабаби набудани китоб хонандагон ва омӯзгорон ба мушкилии ҷиддӣ рӯбарӯ ҳастанд. Ба гуфтаи масъулони мактаб, барои як синф, ки 30 донишомӯз дорад, аз фанни ҳуқуқи инсон як китоб мерасад ва аз фанни таърихи халқи тоҷик ду адад китоб вуҷуд дорад. Дар ноҳия ин масъала яке аз мушкилоти ҷиддии соҳаи маориф ба ҳисоб меравад.

Дар ноҳияи Шаҳритус бошад, ҳоло барои 9 ҳазор хонанда китоби дарсӣ намерасидааст. Гуфта мешавад, дар як синфе, ки тахминан 30 хонанда дорад, аз панҷ то бист нафараш аз ҳамаи фанҳо китоб надоштаанд.

Шоҳмардон Шоҳинов, китобдори идораи маорифи ноҳияи Қубодиёнба ба “Pressa.tj” гуфтааст, ки мактабҳои ин минтақа ба 14 ҳазор нусха китоби дарсӣ аз фанҳои физика, риёзӣ, химия, зистшиносӣ, забони русӣ ва англисӣ ниёз доранд. Хонандагон аз набуди китоби дарсӣ ба дарсҳо омодагӣ дида наметовананд.

Аммо масъулони соҳаи маориф нагуфтанд, ки чаро ба хонандагони ин ноҳияҳои ҷануби кишвар китобҳои дарсӣ намерасад ва чӣ сабаб шудааст, ки онҳо аз китоб маҳруманд.

Давлатмурод Эшмуродов, намояндаи Маркази таъбу нашри Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, сабаби ин мушкилиро шарҳ надода ва аз суҳбат дар ин маврид бо “Pressa.tj” худдорӣ кардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Гурӯҳе аз имомони мусалмони кишварҳои ғарбӣ ба Исроил сафар карданд

Субҳи 7-уми июл, Президенти Исроил Исаак Ҳерсог дар қароргоҳаш бо як гурӯҳ аз имомон ва намояндагони ҷомеаҳои мусалмонӣ аз Фаронса, Белгия, Нидерланд, Италия ва Британияи Кабир дидору гуфтугӯ намудааст.

Амрико гурӯҳи “Ҳайат Таҳрир аш-Шом”-ро аз листи террористон хориҷ кард

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гурӯҳи “Ҳайат Таҳрир аш-Шом”-ро, расман аз феҳристи созмонҳои террористӣ хориҷ кард.

Содир Ҷабборов ба Тоҷикистон омад

8-уми июли соли 2025 Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов бо даъвати раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе омад.

Дар Маскав беш аз 500 муҳоҷирро ба шуъбаҳои пулис бурдаанд

Мақомоти Русия дар шаҳри Маскав барои ошкор кардани роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ "рейд" гузарондааст.