Бибияшро заданду худашро ба ифротгароӣ маҳкум карданд

Додгоҳи шаҳри Ваҳдат Шаҳбози Шарифбек, як ҷавони сокини шаҳри Ваҳдатро, ки ба латтукӯб шудани бибияш аз тарафи кормандони комиссарияти ҳарбӣ вокуниш карда буд, ба ифротгароӣ муттаҳам кард.

Радиои Озодӣ бо такя ба як манбаи худ аз шаҳри Ваҳдат хабар дод, ки Шаҳбоз маҳз ба хотири нашри навораш аз 16-уми октябр боздошт шудааст.

Гуфта мешавад, ин ҷавон дар аввал “барои итоат накардан ба амри корманди давлатӣ” боздошт шуда буд. Вале Додгоҳи Ваҳдат 26-уми октябр алайҳи ӯ мувофиқи қисм 2 иловаи 1 моддаи 307 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне ба иттиҳоми “даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) аз тариқи интернет” парванда боз карда, ӯро барои ду мо ба ҳабси пешакӣ гирифт.

Маълум нест ин ҷавон вакили дифоъ дорад ё на ва ӯро чӣ интизор аст. Аммо моддаи 307 қисми 2 иловаи 1 Кодекси ҷиноии кишвар барои муттаҳам аз 5 то 10 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Шаҳбози Шарифбек, сокини 23-солаи деҳаи Одилии ҷамоати деҳоти Симигани шаҳри Ваҳдат 14-уми октбяри соли 2023 навореро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карда, гуфта буд, ки кормандони давлатӣ бародараш Содиқҷони Шарифбекро бидуни ирсоли даъватнома барои рафтан ба хидмати ҳарбӣ аз хонаашон бо шеваи зӯрӣ ва шиканҷа боздошт карда бурданд.

Дар он навор гуфта мешуд, ки кормандони давлатӣ, аз ҷумла нозири минтақавӣ, раисони ҷамоат ва маҳалла ва кормандони комиссарияти ҳарбӣ савори 3-4 мошин ба хонаи онҳо омада, Содиқҷони Шарифбекро боздошт карданд. Кормандони комиссарияти ҳарбӣ ҳангоми боздошт модарандараш Шодигул Ғафурова ва бибияш Сафаргул Ғафуроваи 82-соларо низ латтукӯб карданд.

Дар навор Шодигул Ғафурова ва модараш Сафаргул Ғафурова иддао мекунанд, ба кормандони давлатӣ гуфтаанд, “шумо ҳуқуқи бо чунин равиш ҷалб кардани ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон надоред, мо аз болои шумо шикоят мекунем”, вале нозири минтақавӣ ва раиси ҷамоат ба онҳо таҳдид карда гуфтаанд, ки “агар ҷое даъво кунед, мо шуморо мекӯшем!”

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

То 46 дараҷа гармӣ ва хатари сел: Тоҷикистон аз мавҷи гармо ҳушдор дод

Агентии обуҳавошиносии назди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон аз...

Эмомалӣ Раҳмон аз қонуншиканиҳо дар зиндонҳо изҳори нигаронӣ кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз қонуншикании баъзе кормандони Сарраёсати...

Дар Русия 160 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон таҳти назорат қарор доранд

Ҳудуди 160 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар рӯйхати шахсони таҳти...

Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва музди миёна дар Тоҷикистон

Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва музди миёна дар ТоҷикистонИқтисоди...