22.9 C
Dushanbe

Дар Суғд аз 500 бехона 1 нафар ба қайд гирифта шудааст

Тибқи як таҳқиқот нафарони бехонаву сарпаноҳ танҳо дар вилояти Суғд 500 нафарро ташкил дод, аммо расман дар мақомоти вилоят 1 нафар ба қайд гирифта шудааст.

Акс аз “Asia-Plus”

Бино ба иттилои “Азия-Плюс”, ин таҳқиқот аз тарафи ташкилоти ҷамъиятии “Диёр” бо сармоягузории Фонди ҷамъиятии “Нотебене” ва гурӯҳе аз ҳомиёни ҳуқуқи инсон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд гузаронида шудааст.

Муаллифони таҳқиқот мегӯянд, нафарони бехонаву сарпаноҳ аз сабаби надоштани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ва аз ҳуқуқҳои иҷтимоию тиббӣ маҳрум будан, қишри осебпазири ҷомеа маҳсуб мешаванд.

Ба гуфтаи раҳбари Ташкилоти ҷамъиятии “Диёр” Баҳринисо Абдураҳмонова, рӯз ба рӯз шумораи афроди бехонаву сарпаноҳ дар вилояти Суғд дар ҳоли афзоиш аст.

Таҳқиқот сабабҳои бехонумон шудани ин афродро гуногун арзёбӣ кардааст. Аз ҷумла гуфта мешавад, ки баъзе ба далели муноқишаҳои оилваӣ, фурӯхтани хона дар пайи мушкилии иқтисодӣ, қарздорӣ аз бонкҳо, баъди озод шудан аз маҳбас ва баъди баромадан аз хона – интернатҳо бепаноҳгоҳ мондаанд. Таҳқиқот мегӯяд, 52 дарсади онҳо пеш аз чунин ҳолат соҳиби хона будаанд, вале бо далелҳои гуногун дар кӯча мондаанд.

Раҳбари ташкилоти “Диёр” афзуда, ки ин афрод аз сабаби надоштани мадорики муҳим наметавонанд сари вақт табобат гиранд ва дар натиҷа аксарашон ҷавон мемиранд.

“Бесарпаноҳон ҳамчунин, нафарони ихроҷ ё депортшуда, муҳоҷирони дохилӣ ва хориҷӣ, намояндагони баъзе ақаллиятҳои миллӣ ва то ҳатто ноболиғон ҳастанд. Онҳо дар биноҳои вайронаи сохтмонаш нотамом, таҳхонаҳо, гаражҳо,  қабристонҳо дар шароити ғайрисанитарӣ зиндагӣ мекунанд. Бештари ин гурӯҳ аз сабаби бесаводӣ ва тангдастӣ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият надоранд ва аз ин рӯ  наметавонанд ёрии тиббӣ бигиранд. Онҳо бар асари бемориҳои музмин ва сироятӣ аз қабили ВИЧ/СПИД, гепатит, сиррози ҷигар, сил ҷавон мемиранд”, – мегӯяд Абдураҳмонова.

Ҳамзамон гуфта мешавад, беш аз нисфи онҳо шахсони 44-сола буда, 2 дарсадашон ноболиғон ҳастанд.

“Таҳқиқот байни 100 нафар афроди бесарпаноҳ нишон дод, ки 54% онҳо аз 18 то 44 сола, 14% аз 44 то 60 сола ва 2% аз 60 сола боло ва ё то 18 сола мебошанд. Инчунин, 94% шаҳрванди Тоҷикистон буда, 4% шахсони бешаҳрванд ва 2% хориҷиён ҳастанд. Аз рӯйи ақалиятҳои миллӣ аз ин шумора 42% тоҷикон, 25% ӯзбекҳо, 21% русҳо буда, 12% дигар тотору украин, кореягӣ ва африқоӣ мебошанд.”, – омадааст дар таҳқиқот.

Муаллифони таҳқиқот мегӯяд, давлат барномае барои ёрии ҳуқуқӣ ба афроди бесарпаноҳ надорад ва бояд ба ин сиёсат таҷдиди назар кунад ва набояд ин қишр аз ёрии ҳуқуқӣ ва таваҷҷуҳи Ҳукумат дур монанд.

Ин дар ҳолест, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои рафъи камбизоатӣ ва кумак ба ин қишри осебпазири ҷомеа ҳамасола аз созмонҳои байналмиллалии молӣ кумакҳои ҳангуфт дарёфт мекунад, вале дар оморҳои расмӣ ба ҷои 500 нафар танҳо як нафар сабт мешавад. Ва Ҳукумат ҳам дар мавриди ин ки ин кумакҳо дар куҷо ва чӣ гуна масраф мешаванд, омода нест ба ҷомеа гузориш пешниҳод кунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ихроҷи 600 муҳоҷири кории тоҷик аз Корея

Дар давоми камтар аз як моҳи ахир мақомоти Кореяи Ҷанубӣ беш аз 600 муҳоҷири кории шаҳрвнадони Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ кардаанд.

Сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе

Раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 18-уми апрели соли ҷорӣ бо сафари расмӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе шуд.

Тахриби масҷид дар Маскав

Мақомоти дахлдлори Русия дар шаҳри Троитски вилояти Маскав масҷиди Абӯбакрро пурра тахриб карданд.

Боздошти боз як тоҷик дар Русия

Дар шаҳри Твери Русия як гумонбари дигар дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Ҳолл"-и Красногорск боздошт шуд.