28.9 C
Dushanbe

Бинои нави Парлумонро Саудӣ насохт, Чин месозад

Акс аз: “Asia-Plus”

Сохтмони бинои нав барои Ҳукумат ва Парлумони Тоҷикистон рӯзҳои наздик оғоз хоҳад шуд. Қарор аст ин биноҳои Ҳукумат ва Парлумони кишварро мутахассисони чинӣ бисозанд.

Ҷамшед Аҳмадзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон, ки рӯзи 17 июл дар як нишасти хабарӣ дар баробари рӯзнаманигорон сӯҳбат мекард гуфтааст, муттахасиссон як маротиба омаданд, вале коронавирус сабаб шуд, ки корҳои сохтмонӣ ба ақиб андохта шавад.

Ҷаноби Аҳмадзода гуфтааст, сохтмони биноҳо давоми се сол ва ё чизе бештар аз он тӯл хоҳад кашид, зеро ин биноҳо хеле боҳашамат мебошанд:

Ҷамшед Аҳмадзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон гуфт: “Биноҳо бисёр калон аст. Масоҳати бино аз 42 то 44 ҳазор метри мураббаъ, ки аст, то се –чор солро дар бар мегирад ва ба сифат низ аҳамияти зиёд медиҳем”.

Бар пояи қарордод бо ҷониби Чин  80%  сохтмончиҳои ин биноҳоро кормандони маҳаллӣ ташкил хоҳанд дод. Ин ду бино бо дастгирии ҳукумати Чин ва бо маблағи 1-уним миллиард юани чинӣ муодили 270 миллион доллари амрикоӣ сохта мешаванд.

Тибқи қарордоди Тоҷикистон ва Чин, “масоҳати қитъаи замини Маҷмааи Ҳукумати Тоҷикистон наздики 11 гектарро ташкил дода, дар он бинои 15 ошёнаи Ҳукумат, ду бинои 13 ошёнагии идораҳои назди Ҳукумат, гулгашт бо роҳу пайроҳаҳо бунёд мегардад. Баландии умумии бинои марказӣ 91,5 метрро ташкил медиҳад”.

Бинои Парлумон дар шафати хиёбони Рӯдакӣ бунёд шуда, дар қисми пеши он гулгашт бо фаввораҳо, роҳу пайроҳаҳо ба нақша гирифта шудааст. Баландии бинои асосӣ 49,7 метр, бо назардошти гунбаз – 70 метрро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии бинои Парлумон 42 ҳазору 874 метри мураббаъ мебошад.

Ибтидо мақомоти Тоҷикистон эълон карда буданд, ки ин биноҳо бо сармояи Арабистони Саудӣ бунёд мешаванд, вале баъдан ҷонибҳо ба тавофуқ нарасиданд ва Тоҷикистон сохтмони ин ду қароргоҳро ҳам ба ихтиёри чиниҳо вогузор кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Корҳои фаҳмондадиҳӣ барои бартараф намудани ифлосии Душанбе

Масъулони шаҳри Душанбе мехоҳанд бо гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум мушкилии партовҳои пойтахтро бартараф кунанд.

Даргузашти Муҳаммадалии Файзмуҳаммад дар зиндон

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати олии ҲНИТ дар умри 65-солагӣ дар зиндон даргузашт.

Наздики ним миллард қарзи “ТАЛКО” аз барқ

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон номи қарздорон аз барқро эълон кард.

Норасоии омӯзгор мушкили ҳалнашавандаи Вазорати маорифи Тоҷикистон

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон имрӯз, 26-уми июл зимни нишасти матбуотии ниҳодаш аз мушкили норасоии омӯзгорон дар мактабҳои миёна шикоят кард.