Бо оғози «маршировка» дар Душанбе баҳсҳо дар бораи ҷалби донишҷӯён дубора авҷ гирифтанд

Дар шаҳри Душанбе машқҳои оммавии донишҷӯён ва ҷавонон барои омодагӣ ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон оғоз шудааст. Ин машқҳо, ки дар Тоҷикистон бештар бо номи «маршировка» маъруфанд, қарор аст то 9-уми сентябр идома ёбанд.

Ба гуфтаи муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон Сураҷ Чоршанбезода, имсол беш аз 100 ҳазор ҷавон дар чорабиниҳои омодагӣ ба ҷашни Истиқлол ширкат мекунанд.

Ҳамзамон, мақомоти шаҳри Душанбе барои гузаронидани ин машқҳо аз маҳдуд шудани ҳаракати нақлиёт дар бархе аз кӯчаҳои пойтахт хабар додаанд. Аз ҷумла, аз 1-уми август ҳаракат дар қисмате аз хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ҳар рӯз аз соати 06:00 то 11:00 маҳдуд мешавад. Вазорати мудофиаи Тоҷикистон низ эълон кардааст, ки бахши асосии таҷлили Истиқлол бо баргузории гузашти низомӣ ҳамроҳ хоҳад буд.

Бо вуҷуди ин, «маршировка» ҳамасола яке аз мавзӯъҳои баҳсбарангез дар ҷомеа боқӣ мемонад. Мунтақидон мегӯянд, ҷалби донишҷӯён ва хонандагон ба чунин машқҳои тӯлонӣ ба сифати таҳсил таъсир мерасонад ва вақти онҳоро аз дарс дур мекунад. Ба андешаи онҳо, донишҷӯён бояд бештар ба омӯзиш машғул бошанд, на ба тамринҳои оммавӣ барои чорабиниҳои идона.

Бархе аз фаъолони ҷомеа инчунин иддао мекунанд, ки дар баъзе муассисаҳои таълимӣ донишҷӯён ва хонандагон бо роҳи иҷборӣ ба «маршировка» ҷалб мешаванд ва дар сурати иштирок накардан бо таҳдиди гирифтани баҳои паст ё дигар чораҳои интизомӣ рӯбарӯ мегарданд. Мақомоти Тоҷикистон чунин иддаоҳоро борҳо рад кардаанд.

Ҳукумати Тоҷикистон бошад, таъкид мекунад, ки машқҳо берун аз вақти дарс баргузор мешаванд ва ҳадафи онҳо омодагии босифат ба ҷашнҳои давлатии кишвар аст.

Пештар низ намояндагони ҳукумат аз ин иқдом ҳимоят карда буданд. Вазири собиқи маориф баҳсҳои атрофи «маршировка»-ро «як чизи хасакӣ» номида, муовини вазири фарҳанг гуфта буд, ки чунин чорабиниҳо бо хоҳиши ҷавонон баргузор шуда, барои шиносоӣ ва дӯстёбии онҳо низ мусоидат мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Wildberries, қарзи бонк ва тоҷики ҳалолкор

Зарбаҳои Укроин ба амборҳои бузургтарин бозоргоҳи (маркетплейс) Русия идома...

Дороиҳои миллиардии як зодаи Тоҷикистон

Фарзандони вакили Думаи давлатии Русия аз ҳизби ҳокими “Единая Россия” ва зодаи Тоҷикистон Раҳим Азимов соҳиби амволи гаронарзише мебошанд, ки арзиши умумии онҳо тақрибан ба 2 миллиард рубл мерасад. 

Бедарак шудани се духтари афғон дар Варшава

Дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон (Полша) се хоҳар, ки узви як хонавода ва зодаи Афғонистон ҳастанд, як ҳафта боз нопадид шудаанд. 

Муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия 18% коҳиш ёфта аст

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор ба Русия сафар кардаанд, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 дарсад кам шудааст.