25.9 C
Dushanbe

Болоравии нарху навои маҳсулоти хӯрока дар бозорҳои Тоҷикистон

Дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон сокинон аз боло равии нархи маҳсулоти ниёзи аввал шикоят доранд. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ гушти гов аз ҷумла дар бозори марказии Кӯлоб 60 ва гусфанд то ба 65 сомонӣ афзудааст. Дар ҳоле, ки то 1 ҳафтаи пеш як кило гушти гов 55 ва гусфанд то 60 сомонӣ арзиш дошт.

Дар баробари боло рафтани нархи гушт инчунин қиммати равғани пахта то панҷ ва офтобпараст то даҳ сомонӣ боло рафтааст. Дар ҳоли ҳозир панҷ литр равған дар бозорҳои Кӯлоб аз 110 то 120 сомонӣ нарх доранд. Ба нархи шакар ва маводи ғалладона ба монанди биринҷ ҳам ду сомонӣ илова шудаст. Нархи картошака 4-6 сомониро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин дар бозорҳои Душанбе низ болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввал мушоҳида шудааст. Ҷаҳиши нарх тақрибан дар даҳ рӯзи ахир дар ҳолест, ки чанд рӯз баъд моҳи Рамазон фаро мерасад.

Ҳамасола дар остонаи ин моҳ дар Тоҷикистон болоравии нархҳо мушоҳида мешавад. Ҳатто бо ба анҷом расидани ин моҳ нархҳо қимматар шуда, ба ҳолати пештараи худ барнамегарданд. Тоҷирон ҳамеша болоравии нархҳоро ба набуди маҳсулот ва боло рафтани қурби доллар рабт медиҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояш чандин маротиба таъкид намудааст, ки мардум бояд 2 сола захира намоянд. Аммо сокинон аз он шикоят мекунанд, ки чӣ гуна бо маоши кам ва гаронии маҳсулоти хӯрока, ки дар Тоҷикистон аст ва наметавон ҳадди ақал 1-моҳа захира кард, бояд барои 2 сол захира кунем?

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар Тоҷикистон ноболиғон ҳам шиканҷа мешаванд

Дар Тоҷикистон ҳолатҳои истифодаи шиканҷа нисбат ба боздоштшудагони калонсол ва ноболиғон идома дорад.

Гази моеъ 20 дирам арзон шуд

Ин ҳафта ба сабаби бардоштани маҳдудиятҳои фурӯши гази моеъ дар пойтахти кишвар нархи он каме арзон шудааст.

Чаро Раҳмон иншооти сохати хориҷиҳоро ҳам ба номи худ сабт мекунад? 

Эмомалӣ Раҳмон 12-уми сентябр зимни сафари корӣ дар ноҳияи Тоҷикобод аз ҷараёни бунёди маҳаллаи нав дар деҳаи Сафедмуни ҷамоати деҳоти Қалъаи лаби об боздид кард.

Афзоиши ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза

Имрӯз аз оғози ҳамлаҳои ҳавоӣ ва заминии артиши Исроил ба Навори Ғазза 343 рӯз мегузарад ва ҳамоно ҷанг идома дорад.