20 нафар бо иттиҳоми ҳамлаи террористӣ дар Душанбе дастгир шуданд

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳудуди 20 нафарро ба гумони омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ боздошт кардааст.

Радиои Озодӣ дар истинод ба манобеаш дар КДАМ менависад, ки боздоштшудаҳо сокинони шаҳрҳои Ваҳдат, Роғун ва Норак буда, онҳоро дар остонаи ҷашни Наврӯз дастгир карданд. Инчунин гуфта мешавад, дар байни боздоштшудагон ноболиғон ҳам ҳастанд.

Ба иддаои манбаъ, қасди гурӯҳ ин будааст, ки ба ҷашни асосии Наврӯз дар шаҳри Душанбе “ҳамла кунанд ва то ҳадди имкон шахсони бештарро ба қатл расонанд”.

Ба гуфтаи мақомот, ба як рӯз қафо гузошта шудани ҷашни Наврӯз, ки бояд рӯзи 24-уми март баргузор мешуд, ба ҳамин хотир будааст.

“Баъд аз гирифтани хабар дар бораи қасди ҳамла, нерӯҳои вежаи КДАМ ва ВКД ду-се рӯз “Майдони Истиқлол”-ро зери назорат гирифтанд. Баъд аз он ки гумонбарон боздошт ва хавф бартараф шуд, ҷашнро гузаронданд,”- гуфтааст манбаи Радиои Озодӣ.

Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир қазияро муфаттишони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ҳамоҳангӣ бо Додситонии кул таҳқиқ доранд, ки боздоштшудагон бо гумонбарони асосии ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл” то куҷо робита доштанд.

Пештар, 29-уми марти соли ҷорӣ хабаргузории Reuters ва инчунин Азия-Плюс бо такя ба манобеашон аз ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон аз боздошти 9 нафар ба иттиҳоми иртибот доштан бо Вилояти Хуросони “ДИИШ” ва гумонбарони ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Ҳолл” хабар дода буданд.

Гуфта мешавад, ҳамаи онҳоро кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва нерӯҳои амниятии Русия дар шаҳри Ваҳдат боздошт ва ба Душанбе бурданд.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол боздоштҳои ахир Тоҷикистонро шарҳ надода, номи боздоштшудаҳоро низ нашр накардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

HRW аз Олмон талаб кард, ки ихроҷи Асадулло Бобоевро шарҳ диҳад

Созмони байналмилалии Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) аз мақомоти Олмон талаб карда, ки ихроҷи фаъоли мухолифи тоҷик Асадулло Бобоевро ба Тоҷикистон шарҳ диҳанд.

Душанбе ва САҲА: идомаи ҳамкориҳо бо вуҷуди курсии холии Душанбе дар Варшава

Пас аз иштирок накардани Тоҷикистон дар нишасти САҲА, намояндаи ин ниҳод бо мақомоти тоҷик дар Душанбе гуфтугӯ карданд.

Рӯзи маҳбусони сиёсӣ: беш аз як миллион маҳбуси сиёсӣ дар ҷаҳон

То имрӯз дар саросари ҷаҳон беш аз як миллион нафар ба сабаби фаъолиятҳои сиёсӣ ва ё дигарандешӣ дар зиндонанд.

Муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ камтар, вале аз Ҳиндустон ва Чин бештар

Русия дар пасманзари ҷанг алайҳи Украина ва камбуди шадиди қувваи корӣ ҷалби муҳоҷирони кориро зиёд кардааст.