13.9 C
Dushanbe

Боздошти боз як мухолифи дигари тоҷик дар Русия

Собиқ узви Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” Шерафкан Миров, ки бо тахаллуси “Сайфулло” маъруф аст, дар шаҳри Маскав боздошт шуд. Дар ин бора пойгоҳи хабарии “Бомдод” дар истинод ба дӯстони ин фаъоли тоҷик хабар додааст. 

Бино ба иттилои манбаъ, мақомоти Русия “Сайфулло”-ро рӯзи 6 ё 7-уми декабри соли ҷорӣ аз назди манзиле, ки дар Маскав иҷора менишаст, дастгир кардаанд. 

Ин фаъоли тоҷик, рӯзи 9-уми декабр ба яке аз дӯстонаш дар Аврупо тамос гирифта, аз боздошташ хабар дода ва гуфтааст, ки ӯро ба зудӣ аз тавқифгоҳи шуъбаи пулис ба СИЗО интиқол медиҳанд ва дар боздоштгоҳ ӯ дигар имкони тамос нахоҳад дошт, чунки дар онҷо телефонашро аз ӯ хоҳанд гирифт.

То ҳол мақомоти Тоҷикистону Русия дар бораи боздошти Миров чизе нагуфтаанд, аммо худи “Сайфулло” гуфтааст, ки ӯро бо дархости мақомоти Тоҷикистон боздошт кардаанд.

Шерафкан Миров (санаи таваллудаш 30 декабри соли 1978) зодаи совхози Туркманистони ноҳияи Вахш буда, 10 сол қабл, вақте соҳибкори кушташудаи тоҷик Умаралӣ Қувватов “Гурӯҳи 24”-ро таъсис дод, ба ин ҳаракат пайваст ва дар силсилаи эътирозҳои ин гурӯҳ дар шаҳрҳои Русия иштирок кардааст.

Пойгоҳи хабарии “Бомдод” дар истинод ба дӯстони ин фаъоли тоҷик менависад, ки бар зидди Миров дар Тоҷикистон барои иштирокаш дар эътирозҳои зиддиҳукуматӣ парванда кушода буданд ва ин ҳама сол “Сайфулло” дар Маскав ғайриқонунӣ ва амалан ба сурати нимапинҳонӣ кору зиндагӣ мекард.

Гуфта мешавад, “Сайфулло” дар Маскав дар як устохонаи тармиму таъмири чархҳои мошин (вулканизация) кор мекард ва гӯё соҳиби ин устохона, ки як афсари дар гузашта баландпоя будааст,  ҳимояи ӯро ба дӯш гирифта будааст ва ба ҳамин хотир ин фаъоли тоҷик Русияро, бо қасди ҳиҷрат ба Урупо тарк накардааст.

Дар ҳамин ҳол Шарофиддин Гадоев, яке аз раҳбарони Паймони миллии Тоҷикистон ба ин расона гуфтааст, ки “Сайфулло” баъди кушта шудани Қувватов бо дигар раҳбарони баъдии “Гурӯҳи 24” соз нагирифт ва аввал ҳамроҳи Шарофиддин Гадоев, Собир Валиев, Сулаймон Давлатов ва чанде дигар аз аъзои ин ҳаракат ба Конгресси нирӯҳои демократии Тоҷикистон ба раҳбарии Додоҷон Атовуллоев гузашт, вале дар ин созмон низ дер наистод.

““Сайфулло” мухолифи ҳукумати кунунӣ буду боқӣ монд, вале солҳои охир сари танҳо ба муборизаи худ идома медод. То ҷое медонам, ӯ вақтҳои охир ба ақидаҳои раҳбари ҳизби коммунисти Геннадий Зюганов майл пайдо карда буд ва ҳасрати бозгашт ба замони Шӯравиро дар сар дошт”, – гуфтаааст Шарофиддин Гадоев. 

“Сайфулло” ҳатто саҳифаҳояш дар Фейсбукро низ дар ҳамин ҳавои ақидаҳои коммунистӣ ва ҳасрати бозгашт ба замони Шӯравӣ  “Таджикская ССР” ва “Тоҷикони СССР” ном гузошта буд.

Бояд гуфт, ин бори аввал нест, ки мақомоти Русия фаъолони тоҷик ва пайвандонашонро дар дохили ин кишвар боздошт мекунад. Чанде пеш мақомоти рус бо дархости мақомоти интизомии Тоҷикистон бародари Шавкати Муҳаммад, мудири телевизиони “Паём”Аслиддин Шариповро рӯзи 21-уми сентябри соли 2022 дар шаҳри Нижний Тагили Русия боздошт ва 1-уми октябри соли ҷорӣ ба Тоҷикистон истирдод кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.