Боздошти гумонбари қатли Муҳаммадалӣ Саъдуллоев

Мақомоти тафтишотии Тоҷикистон Сулаймон Одинаев, сокини 19-солаи шаҳри Кӯлобро бо иттиҳоми қатли размикори ҷавон Муҳаммадалӣ Саъдуллоев боздошт кард.

Гуфта мешавад, Одинаев ҳамчунин ба захмӣ кардани ду ҷавони дигар бо корд гумонбар буда, нисбаташ бо иттиҳоми “Расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси ҳалокати инсон мешавад” ва “авбошӣ” парванда боз шудааст ва дар сурати исбот шудани иттиҳомот ба Сулаймон аз 12 то 20 соли зиндон таҳдид мекунад.

Назари худи ин ҷавони 19-сола ба иттиҳомоти мақомот дастрас нест, аммо як хешаш бо номи Фариза ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки гӯё Муҳаммадалӣ бо дӯстонаш Сулаймон Одинаевро азият додааст ва ӯ маҷбур шудааст, ки “худро бо корд муҳофизат кунад”. Пайвандони варзишгари кушташуда ин гуфтаҳоро рад карда, иддао кардаанд, ки ӯ як ҷавони беозор буд.

Ёдовар мешавем, ки шаби 11-уми январ дар шаҳри Кӯлоб кордкашӣ ва занозании гурӯҳие рух дод, ки дар натиҷаи он размикори ҷавон Муҳаммад Саъдуллоев кушта ва ду тани дигар, яке аз шикам ва дигаре аз даст захм бардошта, дар бемористон қарор доранд.

Чун мақомоти расмии кишвар то ҳол ин ҳодисаро шарҳ надодаанд, фарзияҳои сабаби сарзадани ин занозании маргбор гуногунанд.

Пештар Камол Валиев, устоди Муҳаммадалӣ Саъдуллоев бо тасдиқи ин ҳодиса ба расонаҳо гуфта буд, ки муноқиша дар пайи нофаҳмиҳои лафзӣ дар яке аз марказҳои бозии компютерӣ сар задааст.

Аммо дертар Радиои Озодӣ дар истинод ба манобеаш аз мақомоти тафтишотӣ ва сокинони маҳаллаи Шамсиддин Шоҳини Кӯлоб навиштааст, ки баҳс аз “як телефони мобилӣ сар шудааст”. Ба иддаои онҳо, гӯиё Муҳаммадалӣ Саъдуллоев телефони мобилии Сулаймон Одинаевро барои ба ҷое занг задан гирифта, бозпас надодааст.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки занозанӣ дар Маркази бозиҳои компютерӣ оғоз нашуда, балки яке аз ҷавонон пас аз оғози кашмакаш ба ин марказ паноҳ бурдааст ва муноқиша онҷо идома кардааст.

Дар навори дурбинҳои назоратӣ ҳам дида мешавад, ки як нафар талош дорад, вориди Маркази бозиҳои компютерӣ шавад, вале каси дигаре ӯро бо мушту лагад мезанаду шаш нафар вориди марказ мешаванд ва яке зоҳиран бо корд ба се нафар ҳамла мекунад, ки яке аз онҳо Муҳаммадалӣ будааст.

Ба нақли шоҳидон, пас аз ҳамла Муҳаммадалӣ қалбашро бо дасташ медорад ва аз бинои марказ берун шуда, тақрибан дусад метр поинтар меравад ва баъдан аз пой меафтад ва ӯро ба беморхона мебаранд, вале ӯ онҷо ҷон медиҳад.

Гуфта мешавад, Муҳаммадалӣ Саъдуллоев дар риштаи муҳорибаҳои омехта тамрин мекард ва яке аз ҷавонони умедбахши варзиши тоҷик ба ҳисоб мерафт. Ӯ се маротиба қаҳрамони Тоҷикистон, аз ҷумла қаҳрамони соли 2024 дар ин ришта буд. Дар соли 2025 дар корномаи варзишии худ 8 ғалаба дар рақобатҳои касбӣ сабт карда буд. Инчунин ӯ барои иштирок дар мусобиқаи байналмилалӣ Муҳорибаҳои омехта ба шаҳри Абудабии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ сафар намуда, дар он мусобиқа сазовори ҷои аввал гардида буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар 29 сол 29 ҳазор мутахассис бо квотаи президентӣ: чандтои онҳо сари коранд?

Аз соли 1997 то имрӯз 29 ҳазор донишҷӯ тариқи квотаи президентӣ пас аз хатми мактаби миёна ба донишгоҳҳои давлатӣ шомил шудаанд.

Сокини 24-солаи “Дарвоз” ба 5,5 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Раҷабалӣ Давлатов, ҷавони 24-сола ва сокини маҳаллаи "Дарвоз"-и пойтахтро бо иттиҳоми "тундгароӣ" ба панҷуним соли зиндон маҳкум кардааст.

Ҳиндустон аз Русия хост, ҷанг бар зидди Украинаро поён бахшад

Нарендра Моди, сарвазири Ҳиндустон, аз президенти Русия Владимир Путин хост, ки ба ҷанги зидди Украина хотима бахшад.

Эмомалӣ Раҳмон дар Бишкек: аз мулоқот бо Пизишкиён то гуфтугӯ бо намояндагони ИМА

Раиcҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ ба Бишкек рафт.