Дар вилояти Бодканди Қирғизистон як шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми куштори як сокини шаҳри Исфанаи ин вилоят боздошт шудааст. Акс: Интернет Тавре бахши Радиои Озодии қирғизӣ бо истинод ба Раёсати корҳои дохилии вилояти Бодканд хабар медиҳад, гумонбари 53-солаи шаҳрванди Тоҷикистон қаблан дар содир намудани ҷинояти вазнин дар Узбакистон зиндонӣ шуда, ғайриқонунӣ вориди Қирғизистон шудааст. Ӯ дар […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Дар вилояти Бодканди Қирғизистон як шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми куштори як сокини шаҳри Исфанаи ин вилоят боздошт шудааст.
Акс: Интернет
Тавре бахши Радиои Озодии қирғизӣ бо истинод ба Раёсати корҳои дохилии вилояти Бодканд хабар медиҳад, гумонбари 53-солаи шаҳрванди Тоҷикистон қаблан дар содир намудани ҷинояти вазнин дар Узбакистон зиндонӣ шуда, ғайриқонунӣ вориди Қирғизистон шудааст. Ӯ дар деҳаи Самарқандек боздошт гардидааст.
Гуфта мешавад, дар натиҷаи гузаронидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби пулиси шаҳри Исфана ҷасади марди 58-солаи соҳиби як ошхонаи маҳаллӣ аз анбори ошхонааш пайдо шудааст. Аз рӯи ин ҳодиса тибқи моддаи 122 (Одамкушӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Қирғизистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Мақомоти Қирғизистон ному насаб ва сокини кадом шаҳру деҳаи Тоҷикистон будани гумонбарро нашр накардааст ва назари худи боздоштшуда ва наздиконаш низ дастрас нест.
Мақомоти Тоҷикистон то ҳол дар бораи боздошти ин шаҳрванди худ вокунише накарда ва ҳамчунин расонаҳо низ аз ҷузъиёти он хабаре надодаанд.
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Омор
Захира ё дастрасии техникӣ барои мақсади қонунии фаъол кардани хидмати мушаххас, ки корбар ошкоро дархост кардааст, ё танҳо барои интиқоли иттилоот тавассути шабакаи иртиботи электронӣ ҳатмист.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.