Боздошти як тоҷик дар Русия бо иттиҳоми ҳамла ба пулис

Дар шаҳри Любертси Русия як зан, ки корманди пулис будааст, аз ҷониби як муҳоҷири меҳнатӣ мавриди ҳамла қарор гирифтааст. Ҳамлагарро шаҳрванди Тоҷикистон гуфтаанд.

Ба гузориши шабакаи телеграмии “Многонационал” аз ҷониби як шаҳрванди Тоҷикистон ба ин зани пулис аз ҳам ҳамла шуда ва ҳам кушиш таҷовуз сурат гирифтааст.

Тавре манбаъ мегӯяд, нимаи дуюми рӯзи 8-уми ноябр нозири 37-солаи шуъбаи корҳои дохилии Любертси вақте ба хона бармегашт, дар дохили даромадгоҳи бино аз паси ӯ як муҳоҷири осиёӣ ворид шуда, ӯро лату кӯб карда, хостааст ба ӯ дастдарзӣ кунад, аммо ҳамсояҳо огоҳ шуданд ва ӯ фирор кардааст.

Гуфта мешавад, пулиси минтақа гумонбаршударо боздошт кардааст ва маълум шуда, ки ӯ зодаи Тоҷикистон буда 26 сол доштааст.

Ҷузъиёти ин хабар аз манобеи расмӣ нашр нашудааст. Назари боздоштшуда низ дар ин маврид дастраси расонаҳо нест. Ва маълум ҳам нест, ки ангезаи ин ҳамла чӣ будааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қоидаи нави вуруд ба Қазоқистон: QazETA барои шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳатмӣ мешавад

Қазоқистон аз тобистони соли 2027 барои аксари шаҳрвандони хориҷӣ иҷозатномаи электронии вуруд (QazETA)-ро ҳатмӣ мекунад.

Олмон аз сарнавишти Асадулло Бобоев хабар надорад

Чаҳор моҳ пас аз истирдоди Асадулло Бобоев аз Олмон, ҳукумати ин кишвар дар посух ба дархости вакилон гуфтааст, ки дар бораи боздошт ва парвандаи ҷиноятии ӯ дар Тоҷикистон маълумот надорад.

Русия квотаи иқомати муваққатии хориҷиён (РВП)-ро боз кам кард

Ҳукумати Русия квотаи иҷозаи иқомати муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷиро дар соли 2027 то 3010 адад коҳиш дод, ки ин нисбат ба соли ҷорӣ 792 адад, ё тақрибан 21 дарсад камтар аст.

Даромади буҷети Тоҷикистон барои соли 2027 муайян шуд

Ҳукумати Тоҷикистон даромади буҷети соли 2027-ро 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ кардааст, ки он 23,2 дарсад бештар аз буҷети тасдиқшудаи имсол мебошад.