Боздошти мансабдор бо иттиҳоми дуздии пули давлат

Мудири почтаи шаҳри Ҳисор бо иттиҳоми дуздии беш 100 ҳазор сомонӣ пули давлат муттаҳам мешавад.

Бино ба иттилои Ожонсии зидди фасоди Тоҷикистон, директори Маркази алоқаи почтаи шаҳри Ҳисор, ки аз ӯ Каримова Н.Р. ном бурда мешавад, беш аз 100 ҳазор сомонӣ пули обунаи рӯзнома ва маҷаллаҳоро ба фоидаи шахсии худаш масраф кардааст.

Ин ниҳоди зидди фасод мегӯяд, Каримова 365 ҳазору 178 сомонӣ пули обунаи рӯзномаву маҷаллаҳои соҳаи маорифи шаҳри Ҳисор барои солҳои 2024-2025-ро ҷамъоварӣ намуда, аз ин миқдор 261 ҳазору 771 сомониро ба суратҳисоби Марказ ворид карда, боқимонда 103 ҳазору 406 сомониро дуздидааст.

Ожонси зидди фасод гуфтааст, барои ин кор номбурда муттаҳам дониста шуда, алайҳи ӯ бо моддаи 245 қисми 3 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Гуфта мешавад, аллакай таҳқиқи парванда ба поён расида ва он барои эълони ҳукм ба додгоҳ фиристода шудааст.

Дар ҳоли исботи гуноҳ, бо моддаҳои эълоншуда дар парвандаи Каримова, ӯро аз 6 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.

Ин ниҳод нагуфтааст, ки собиқ директори почтаи шаҳри Ҳисор кай боздошт шудааст. Ва ҳамчунин назари худи ӯ ва ё наздикону вакили дифоаш дастрас нест.

Фасод ва дуздии амволи давлатӣ дар байни мақомдорони давлатӣ дар Тоҷикистон ба як амри маъмулӣ табдил ёфтааст ва ҳеч ниҳоде ҳам наметавонад пеши роҳи ришва ва фасодро бигирад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки моҳи феврали соли ҷорӣ Сулаймон Султонзода, директори Ожонси зидди фасоди кишвар зимни нишасти матбуотӣ хабар дода буд, ки дар соли 2024 2 ҳазору 323 ҷинояти коррупсионӣ аз ҷониби кормандон ва мақомдорони давлатӣ сабт шуда, 425,7 миллион сомонӣ пули давлат дуздида шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳафт кӯдаки бепарастори тоҷикро аз Русия ва Ватан баргардонданд

Ҳафт кӯдаки тоҷик, ки дар Русия бепарастор монда буданд, 18-уми октябри соли 2026 ба Тоҷикистон баргардонда шуданд.

Роҳи Душанбе–Шарора–Ҳисор таъмир шуд, аммо аз ҳисобӣ кӣ?

Мақомоти Ҳисор аз анҷоми мумфаршкунии роҳи Душанбе–Шарора–Ҳисор хабар доданд. Дар таъмири ин роҳи ҷумҳуриявӣ соҳибкорон ва сокинон низ саҳм гузоштаанд, аммо чӣ қадар маблағ ҷамъоварӣ шуд, маълум нест.

Ихроҷи чанд донишҷӯ барои иштирок накардан дар “маршировка”

Чанд донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба хотири иштирок накардан дар "маршировка" аз донишгоҳ ихроҷ шуданд.

Чин хостори густариши ҳамкориҳои амниятӣ ва иқтисодӣ бо Тоҷикистон аст

Сарвазири Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Чян рӯзи душанбе бо раисҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидор кард.