24.9 C
Dushanbe

Мақомот раиси ҷамоат ва корманди андозро боздошт каданд

Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон аз боздошти як раиси ҷамоат дар вилояти Хатлон ва як ва корманди Нозироти андоз дар шаҳри Ваҳдат хабар дод.

Бино ба иттилои Оҷонсӣ, раиси ҷамоати шаҳраки Москваи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон Набиев Ҷ.И бо истифода аз ваколати мансабӣ моҳи феврали соли ҷорӣ барои ҳуҷҷатгузорӣ ва ҷудо кардани қитъаи замин дар ҳудуди шаҳраки Москваи ноҳияи Ҳамадонӣ аз шаҳрванд Я.Х ҳудиди 100 ҳазор сомонӣ пора талаб кардааст.

Ин шаҳрванд қасд доштааст дар ин замин коргоҳ (сех)-и истеҳсолӣ ва дӯзандагӣ созад. Аммо кормандони Оҷонсии зидди фасод Набиевро ҳангоми гирифтани 99 ҳазору 500 сомонӣ аз ин шаҳрванд, дар утоқи кориаш боздошт кардаанд.

Ҳоло нисбати Набиев Ҷ.И. бо моддаи 319 қисми 4 банди “г” (гирифтани пора ба миқдори калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, ба ӯ аз 7 то 12 соли зиндон ва маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян 5 сол ҷазо таҳдид мекунад.

Инчунин Оҷонсии зидди фасод мутахассиси пешбари гурӯҳи хизматрасонӣ ба соҳибкорони инфиродии Нозироти андози шаҳри Ваҳдат Ҳабибов З.К.-ро ҳангоми гирифтани 10 ҳазор сомонӣ пора аз шаҳрванд С.С боздошт кардааст.

Ҳабибов бар ивази ин миқдор маблағ бояд санади муқоисавиеро тартиб дода, барои қатъ намудани фаъолияти соҳибкории шаҳрванди дигар Ҳ.А, ки хеши С.С будааст, муосидат мекардааст.

Нисбати Ҳабибов З.К. бо моддаи 319 қисми 1 Кодекси ҷиноятии кишвар парванда боз шуда, тибқи ин модда ба ӯ ҷарима ба андозаи аз се ҳазору шашсаду панҷоҳ то нуҳ ҳазору яксаду бисту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол ҷазо пешбинӣ шудааст.

Ин бори аввал нест, ки кормандони мақомот бо иттиҳоми гирифтани пора боздошт мешаванд. Тақрибан ҳар моҳ чанд мансабдор бо иттиҳоми даст доштан дар фасод ва ё ғайриқонунӣ фурӯхтани замин дастгир мешаванд, вале сатҳи паст шудани ришваситонӣ ба чашм намерасад. Инчунин ҳолатҳое ҳастанд, ки ин афрод бо супурдани ҷарима озод ва бо додани пора боз ба вазифаҳои давлатии худ бармегарданд.

Коршиносон мегӯянд, фасод ва ришва дар тамоми соҳаҳои кишвар чунон афзоиш ёфтааст, ки пеши ин ҷиноятҳоро гирифтан маҳол аст. Зеро, ба гуфтаи онҳо, ин тарзи муомиларо худи ҳамон мансабдор вақти гирифтани мансабаш дидааст, яъне мансабро бо пора харидааст ва ӯ низ ин корро идома хоҳад дод. Пас ба ҳамин тариқ решаи ин кор рафта-рафта ба нафарони асосии кишвар мерасад, ки маҳви он аз имкон дур аст.

Дар гузориши Созмони Шафофияти байналмилалӣ (Transparency International) барои соли 2023 низ Тоҷикистон бо ба даст овардани ҳамагӣ 20 имтиёз дар байни 180 кишвари дунё нисбат ба соли 2022 4 зина пойин рафта, дар баробари Афғонистону Бурунди, Судону Мянмар ва чанд кишвари дигар қарор гирифта, мақоми 162-умро ишғол кард, ки акнун яке аз фасодзатарин кишварҳои дунё шинохта мешавад.

Ин дар ҳолест, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша иддао мекунад, бар зидди фасод ва решакан кардани он мубориза мебарад ва мақомдорон ҳамеша ба “Стратегияи нави муқовимат ба коррупсия дар соли 2021” ишора мекунанд. Аммо баръакс, дар муқоиса ба соли 2021 Тоҷикистон дар радабандии Transparency International 5 зина пойин рафтааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Корҳои фаҳмондадиҳӣ барои бартараф намудани ифлосии Душанбе

Масъулони шаҳри Душанбе мехоҳанд бо гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум мушкилии партовҳои пойтахтро бартараф кунанд.

Даргузашти Муҳаммадалии Файзмуҳаммад дар зиндон

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати олии ҲНИТ дар умри 65-солагӣ дар зиндон даргузашт.

Наздики ним миллард қарзи “ТАЛКО” аз барқ

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон номи қарздорон аз барқро эълон кард.

Норасоии омӯзгор мушкили ҳалнашавандаи Вазорати маорифи Тоҷикистон

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон имрӯз, 26-уми июл зимни нишасти матбуотии ниҳодаш аз мушкили норасоии омӯзгорон дар мактабҳои миёна шикоят кард.