11.9 C
Dushanbe

Боздошти Сулаймон Давлатов дар Литва

Мақомоти кишвари Литва Сулаймон Давлатов, паноҳанда ва муҳоҷири сиёсии тоҷик дар ин кишварро боздошт кардааст.

Тибқи маълуомоте, ки ба дасти Azda tv расид, Сулаймон Давлатов як фаъоли сиёсии тоҷики муқими Литваро рӯзи ҷумъа 5-уми апрели соли ҷорӣ дар маҳали кораш боздошт карданд. Сулаймон Давлатов ҳамроҳи зану фарзандонаш дар шаҳри Вилнюси Литва зиндагӣ дорад ва ӯ ҳамроҳи фарзандонаш дорои паноҳандагии сиёсӣ мебошад.

Шоҳидони ҳодисаи боздошти Давлатов дар суҳбат ба Azda tv гуфтанд, ки “рӯзи ҷумъа соатҳои дуи баъд аз зуҳр ду нафар бо либоси мулкӣ аз мошини минивен берун омада, бо Сулаймон даст додаанд ва ба самти минивен рафтанд, дарҳол ду нафар бо ниқоб аз мошин берун шуда, ӯро ба дохили мошин маҷбуран савор карда бурданд.

Баъд аз боздошти машкуки Сулаймон Давлатов ҳамсараш ба пулиси маҳали кори шаврҳараш меравад, ва пулис мегӯяд, дар системаи онҳо ҳеҷ маълумоте дар бораи боздошти Сулаймон Давлатов вуҷуд надорад ва танҳо соати 10 шаб, баъд аз 8 соати бедарак шудан пулис хабар медиҳад, ки ӯ дар боздошт қарор дорад.

Рӯзи якшанбе, 7-уми апрел додгоҳе дар шаҳри Вилнюси Литва баргузор шуд ва ҳукми ҳабси пешакӣ барои Давлатов содир кард ва тибқи ҳукми додгоҳ ба муддати 2 моҳ, то 6 июн дар боздошт қарор хоҳад дошт.

Ҷузъиёти боздошти ӯ ҳанӯз барои Azda tv маълум нест ва бо дастрас шудани малумоти бештар шуморо огоҳ хоҳем кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Селҳои харобиовар ба чанд шаҳру ноҳия дар Тоҷикистон зарар расонд

Бар асари боронгариҳои шадид дар як ҳафтаи охир дар чанде аз минтақаҳои кишвар сел омада, ба аҳолӣ хисороти ҷиддӣ ворид кард.

Узви собиқи ҲНИТ-ро дар Исфара куштанд

ҲНИТ аз куштори фоҷиавии узви собиқаш Содиқов Маннони 61-сола, маъруф ба домулло Абдуманнон хабар дод.

Имсол ҳам озодии матбуот дар Тоҷикистон дар “сатҳи паст” қарор дорад

Мувофиқи шохисиҳои байналмилалӣ, имсол ҳам озодии матбуот дар Тоҷикистон дар сатҳи поён қарор дошта, аз соли гузашта ҳам вазъ бадтар шудааст.

Ҳабси боз як нафар барои фиристодани пул ба “Ислоҳ”

Дар Тоҷикистон боз як муҳоҷири собиқро барои фиристодани маблағ ба Муҳаммадиқболи Садриддин маҳкум ба зиндон карданд.