Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар пайи марги блогери рус

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия як зани 26-солаи шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми аз беэҳтиётӣ ба марг расондани блогери маъруфи рус Юлия Бурцева боздошт карданд. Ба гуфтаи тафтишот, маҳз ин зан амали ҷарроҳии зебоиро анҷом додааст, ки бо марги блогер анҷом ёфт.

Расонаҳои русӣ навиштаанд, ки амалӣ ҷарроҳии зебоӣ рӯзи 4-уми январ сурат гирифтааст. Гуфта мешавад, баъд аз ҷарроҳии афзоиши ҳаҷми сурин ҳолати саломатии блогер ногаҳон бад шуда, эҳтимолан бар асари аксуламали шадиди аллергӣ (шоки анафилактикӣ) ба дору ба кома рафтааст. Бо вуҷуди интиқоли фаврӣ ба бемористон, ҷони ӯро наҷот дода натавонистанд.

Тибқи иттилои Кумитаи тафтишотии Русия ва расонаҳои ин кишвар, боздоштшуда Шоира Назуллоева ном дошта, ҳеҷ гуна таҳсилоти тиббӣ ва иҷозатномаи расмии фаъолияти тиббӣ надоштааст. Бо вуҷуди ин, ӯ дар як клиникаи маъруфи Маскав “Elmas Clinic” утоқ иҷора гирифта, ба анҷом додани амалиёти косметологӣ машғул будааст, ин зан корманди расмии муассиса набудааст.

Ба иттилои тафтишот, нисбат ба ӯ тибқи қисми 2 моддаи 109-и Кодекси ҷиноятии Русия (Расондани марг аз беэҳтиётӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Дар ҳоли исботи гуноҳ ва бар асоси ин моддаи қонун, шаҳрванди Тоҷикистонро то се соли зиндон таҳдид мекунад.

Дар ҷузиёти хабар омдадааст, ҳамзамон мақомоти тафтишот фаъолияти роҳбарияти клиникаро низ мавриди санҷиш қарор додаанд, то муайян кунанд, ки иҷораи утоқ ба шахси бидуни тахассус бо кадом асос сурат гирифтааст.

Мақомоти пулиси шаҳри Маскав ба расонаҳои ин кишвар гуфта, ки ҳоло Шоира Назуллоеваро дастгир намудаанд ва тафтишоти қазия идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки Юлия Бурцева, блогери 38-сола ва зодаи шаҳри Самара, дар шабакаҳои иҷтимоӣ беш аз 70 ҳазор пайрав дошт. Ӯ солҳои охир дар Италия ба сар мебурд ва дар арафаи Соли нав барои дидори наздикон ва анҷом додани баъзе амалиёти зебоӣ ба Маскав омада буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон – майдони рақобати Эрон ва Исроил

Гузориши "Эрон Интернешнл" аз ъумқи нуфузи ҷосуси Исроил дар сохтори молӣ ва низомии Эрон хабар медиҳад.

Рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2026 нисбат ба кишварҳои ҳамсоя сусттар хоҳад буд

Бино ба гузориши нави Конфронси савдо ва рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNCTAD), иқтисоди Тоҷикистон дар соли ҷорӣ метавонад 6,6 дарсад рушд кунад.

Қонуни нави муҳоҷират дар Тоҷикистон: оё мушкилоти муҳоҷирон ҳал мешаванд?

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд раванди муҳоҷиратро рақамӣ карда, ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони кориро тақвият ва сатҳи муҳоҷиратро коҳиш диҳанд.

Манъи ҳиҷоб дар мактабҳо Озабойҷон баҳсҳои навро ба миён овард

Дар Озарбойҷон пас аз ҷорӣ шудани қоидаҳои нави либоси мактабӣ, масъалаи пӯшидани ҳиҷоб дар муассисаҳои таълимӣ баҳсбарангез шудааст.