8.9 C
Dushanbe

Боздошти зане,кӣ ғайриқонунӣ муҳоҷиронро кумак мекард дар Русия

Пулиси шаҳри Ханти-Мансийскии вилояти Юргаи Русия аз боздошти як зани сокини ин шаҳр хабар дод, ки ба гуфтаи мақомот, асноди қалбакӣ барои садҳо муҳоҷир омода мекардааст.

Ба гузориши пулис, ин зан ба муддати 6 сол ба садҳо муҳоҷир ба таври ғайриқонунӣ кумак кардааст, то битавонанд будубоши худро дар ин кишвар қонунӣ кунанд.

7-уми апрели соли ҷорӣ сомонаи “Ugra-TV” дар ин бора гузориш додааст, ки: “Полиси Юрга як сохтори қонунигардонии будубоши муҳоҷиронро бармало кард, ки асосгузори он зани сокини маркази ин шаҳр будааст. Ин зан ҳамроҳ бо шиносҳояш санадҳои қалбакиро барои қонуникунии будубоши хориҷиён таҳия мекардаанд ва як корманди “(МФЦ) Маркази хизматрасониҳои давлатӣ ва мунисипалӣ”, ба онҳо ҳамдаст шуда, муҳоҷиронро бе навбат ба ҳузур пазируфта, иштибоҳоти дар аснодашон вуҷуддоштаро ислоҳ мекардааст.”

Гуфта мешавад, ин даста ба сохтани санадҳои қалбакӣ, аз ҷумла қарордодҳои корӣ, сабти номи муҳоҷирон дар манзилҳое, ки дар асл дар он зиндагӣ намекунанд ва номнависии ин муҳоҷирон дар қайди муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ғайра муттаҳам мешаванд. Пулис дар гузоришаш гуфта, ки бо ин тариқ ин зан ва дастааш будубоши беш аз 700 хориҷии ғайриқонуниро асноди қалбакӣ додаанд.

Ба гуфтаи муҳаққиқони парванда, ҳадаф аз ин кор даромадзудоӣ буда, ин гурӯҳ то ҳол дасти кам 2.5 милион рубл аз ин равиш ба даст овардааст.

Муовини Раёсати Кумитаи тафтишотии Русия дар робита ба ин парванда гуфтааст: “Дар баррасӣ ин парвандаи ҷиноӣ иқдомоти тафтишотии зиёде, аз ҷумла бозҷӯӣ беш аз 150 нафар, кофтукоб дар суроғаҳои сабти номи қалбакии ин шаҳрвандони хориҷӣ ва анҷоми экспертизаҳои хатшиносӣ дар санадҳои онҳо анҷом шуд. Дар натиҷа ҳаҷми парвандаи ҷиноятӣ тақрибан 60 ҷилдро ташкил дод ва муфаттишон далелҳои кофӣ ҷамъоварӣ карда, маводи ин парвандаро барои баррасӣ ба додгоҳ фиристодаанд”.

Вале то ҳол ному насаб ва шаҳрванди кадом кишвар будани ин зан ва ҳаминтавр сарнавишти он 700 муҳоҷир, ки дар ин парванда шомиланд, дастраси расонаҳо нашудааст.

Гуфта мешавад, назорату тафтиш ва ихроҷи муҳоҷирони корӣ дар Русия давоми як соли ахир, бахусус пас аз ҳамлаҳои террористии “Крокус Сити Ҳол” ба шиддат афзоиш ёфтааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти ду зан бо гумони ҷинояти ғайриахлоқӣ дар Душанбе

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти ду зан бо гумони ташкили фоҳишахона хабар дод.

Тоҷикистон дар раддаи кишварҳои ғайриозод боқӣ монд

Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон "Freedom House" имсол ҳам Тоҷикистонро дар гурӯҳи кишварҳои "ғайриозод" шомил кард.

Боздошти афсари ВКД бо гумони куштани як ҷавон дар Ванҷ

Як афсари Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сокини 34-солаи ноҳияи Ванҷ Саломатшо Ғалчаевро бо истифода аз туфангча куштааст.

Тоҷикистон ба мардуми Эрон кумакҳои башардӯстона фиристод

Ҳукумати Тоҷикистон барои мардуми зарардидаи Эрон аз ҷанг кумакҳои башардӯстона фиристод. Дар ин бора 18-уми марти соли ҷорӣ сомонаи расмии Президенти Тоҷикистон хабар додааст.