21.9 C
Dushanbe

Боздошту истирдоди ду тан аз бадахшониҳои муқими Русия ба Тоҷикистон

Ҷонибек Чоршанбиев ва Наврӯзов Муслим зодагони шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки чанде пеш дар Маскав боздошт шуда буданд, иҷборан ба Тоҷикистон истирдод шудаанд.

Ҷонибек ва Муслим ширкаткунандагони як муроҷиати видеоӣ буданд, ки дар он аз мақомоти Тоҷикистон хоста мешуд қазияи куштори Гулбиддин Зиёбеков мунсифона таҳқиқ шавад.

Бино ба иттилои манобеи “Pamir Daily News” нисбати ин фаъолон дар Тоҷикистон бар асоси моддаи 307-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми “Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон” парванда боз шудааст.

То ҳол маълум нест, Ҷонибек Чоршанбиев ва Наврӯзов Муслим кай боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шудаанд. Ба Аздо тв муяссар нашуд, ки муайян кунад, то ин ду зодаи Бадахшон дар чихел шароит нигоҳдорӣ мешаванд ва оё бо адвокат дастрасӣ доранд ё не? Аммо бо пайдо шудани маълумоти бештар хабар такмил мешавад.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш хабаре нашр шуда буд, ки ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон фаъолони помириро дар Маскав таҳдид доранд, то ба ватан баргарданд.

Ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон аз рақамҳои номаълум бо ирсоли паёмакҳои таҳдидкунанда аз тариқи WhatsApp-и ин фаъолон, талаб намуда буданд, ки бояд онҳо ба Тоҷикистон баргарданд, дар ғайри ин сурат онҳоро ба таври иҷборӣ ба Тоҷикистон ихроҷ мекунанд.

Инчунин дар паёмакҳо маълумоти шахс ва моддаҳои Кодекси ҷиноятӣ, ки фаъолони помирӣ ба онҳо айбдор карда мешаванд, навишта шуда буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.

Русия мехоҳад бештар хориҷиёнро ба ҷанги зидди Украина барад

Дар наздиктарин фурсат дар Русия қонуни наве қабул мешавад,...

Оё низоми таҳсили 12-сола метавонад сифати таҳсилро беҳтар кунад?

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-соларо ҷорӣ карданӣ аст.

Чаро кишварҳои ҳамсоя афғонҳоро ихроҷ мекунанд?

Ба иттилои мақомоти Толибон, Эрон зарфи як моҳ беш аз 500 ҳазор муҳоҷири афғонистониро ихроҷ кардааст.